Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

надоштани роҳбар боиси он мегардад, ки ӯ маблағгузории зиёде карда, ахбори технологияи кӯҳнаро мегирад, ки аллакай самаранокии худро гум кардааст. Ҳатто ташкилотҳое, ки мехоҳанд аз ахбори технологии босуръат истифода баранд, наметавонанд, чунки ҳамаи ахборро пурра ва дуруст дарк карда наметавонанд, зеро ки на имконоти зеҳнии онҳо имкон намедиҳад, ки онҳо манфиатнокии ахборро пурра аз худ намоянд.

Мувофиқи тадқиқоти сотсиологҳо имрӯзҳо агар роҳбар дониши касбии худро сайқал надиҳад, соле дониши ӯ ба андозаи 5% кӯҳна шуда, баъди 3-5 сол аллакай ин роҳбар аз суръати баланди «инкишоф» қафо монда, бозорро аз даст медиҳад.

Хислати дигари фарқкунандаи истифодаи вақт дар замони имрӯза аз он иборат аст, ки солҳои 80-90-уми асри гузашта, агар ахборро фақат ташкилотҳо дошта бошанд, аммо имрӯз ҳар як фард имконоти истифодаи ахборро дошта, аз он қариб пурра бохабар мебошад. Аллакай истеъмолкунанда ва талаботи вай куллиан тағйир ёфта, бевосита моли навро интихоб менамояд ва ба ташкилот фармоиши алоҳидаи фардӣ менамояд ва ташкилот бояд ба он ҷавобгӯ бошад.

Мумкин баъди 3-5 соли дигар ахбори «Интернет» ахбори оддии ҳар як хонадон ва корманд гашта, ҳар як фард метавонад дар хонааш нишаста фаъолияти кориашро иҷро намояд. Бинобар ин, роҳбар шаклу усули истифодаи кӯҳнаи вақти худро тағйир дода, бояд доимо аз шаклҳои навтарин истифода намояд.

Технологияи навини истифодаи вақтро дар мавзӯи оянда ба Шумо пешниҳод менамоем.

34.4. Технологияи навтарини истифодаи вақт
ва имконоти роҳбарӣ

Асри XXI ба инсоният барномаҳои навини ахборӣ ва воситаҳои
истифодаи онро имкон додааст, ки аксари роҳбарон, менеҷерон, соҳибкорон
фаъолияти роҳбарии худро ба он мувофиқ намуда, қарорҳои идоракунӣ қабул

пешина
аз 522
навбатӣ