Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тағйирёбии талаботҳо вобаста ба ахборот;

суръати баланди тағйирёбии сифати маҳсулот;

суръати баланди тағйирёбии ҷараёни бизнес;

суръати баланди пайдоиши корхонаҳои нав ва тағйирёбии ҷараёни
соҳибкорӣ;

суръати баланди зиёдшавии маҳсулотҳои нав дар бозор;

тағйирёбии ҷараёнҳо дар ҳафтаю моҳ.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки барои роҳбари корхона ҳамқадам будан ба ин бозор ва майдони соҳибкорӣ хеле ва хеле мушкил мебошад.

Албатта, асоси ҳамаи ин тағйирёбиҳо афзуншавии ахбор мебошад. Маълум аст, ки ҷаҳони пешқадам аз ахбори қоғазӣ қариб даст кашида, қисми зиёди фаъолият, қариб то 80% ба воситаҳои электронӣ иҷро карда мешавад, ки суръати хеле баланд дошта, аниқу саривақтӣ мебошад. Маҳз истифодаи вақти роҳбарӣ, бояд дар асоси ин технологияи пешқадами электронӣ ба роҳ монда шавад.

Аслан имрӯзҳо чунин ҷараёни идоракунии электронӣ инкишоф ёфтааст:

идоракунии системаи истеҳсолӣ;

тартиби бурдани ҳисобҳои бухгалтерӣ — счетҳо;

ҳар гуна ҳисоббаробаркунӣ бо корхонаҳои ҳамкор ва истеъмолкунандагон;

ҳисоббаробаркунии андоз;

ҳар гуна хизматрасониҳои кассавӣ ва бонкӣ.

Имрӯз дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо низ на ҳамаи роҳбарон ва ташкилотҳо аз таҷрибаи ҷаҳонии соҳибкории босуръат пурра истифода карда метавонанд, чунки дар соҳибкории «суръатнок», ҳар як тағйирёбӣ донишу малакаи баланди касбӣ, зеҳнӣ ва воситаю маблағи иловагӣ талаб менамоянд, ки на ҳамаи роҳбарон аз ӯҳдааш мебароянд.

Мисол, аз рӯи ақидаи мутахассисони Ҷопон ҳатто воситаи асосии имрӯза баъди 3-5 сол маънаван кӯҳна шуда ба талабот ҷавобгӯӣ намебошанд ва бояд иваз карда шаванд.

Роҳбаре, ки имрӯз ахбори пурра ва навтаринро надорад, монанди кӯре
мебошад, ки аз кӯҳи баланд ба замин меафтад, яъне ҳар як сол қафо мондан ин
ба монанди 10 соли солҳои асри гузашта мебошад. Маҳз ахбори дурусти зарурӣ

пешина
аз 522
навбатӣ