Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки маҳз «системаи асаби электронӣ»
омӯзишу муомилаи дуруст ба ахбор имкони ташкилотҳо ва ё соҳибкорро ба суллаҳои баланд мерасонад. Маҳз сифату самаранокии истифодаи вақт, ахбор, коркарди он ва истифодаю қарори идоракунӣ сабаби асосии бурд ё бохти шумо мегардад. Ду хусусиятро бояд дар назар дошт:

  1. Миқдори ташкилотҳои рақиб дар бозор меафзояд.
  2. Миқдори ахбор бо суръати баланд афзоиш ва тағйир меёбад.

Аз рӯдаи чунин тарзи фаъолият фақат ташкилоте пурра мебарояд, ки агар коҳиши пешво шуданро дар бозор дошта бошад ва шакли дурусти «системаи асаби электронӣ»-ро бо таъмини дараҷаи баланди талабот ташкил карда тавонад.

Баъзе мутахассисон мавқеи ахборро мумкин дуюм ва сеюмдараҷа меҳисобанд. Вале бояд қайд намуд, новобаста аз бартарият, истеҳсоли мол, муносибат ба мизоҷон ва бонку давлат, шарти аввалин таъмини бефосила ва саривақтии ахбори ташкилот мебошад. Маҳз ахбори навин ва дурусти саривақтӣ метавонад ҷараёни корро хуб ташкил намуда, сифати маҳсулотро баланд бардорад ва ҷавобгӯи замона бошад.

Бартарии системаи электронии коркарди ахбор боз дар он мебошад, ки Шумо вақти зиёди худро сарфа карда, имкони фикрҳои дигари инкишофи соҳибкориро пайдо карда бо суръати баланд инкишоф меёбед.

Таҷрибаи аксари ширкатҳои ҷаҳонӣ ва ватанӣ гувоҳ мебошад, ки дар навбати аввал онҳо ба моҳияти коркарди ахбор ва тағйирёбии талаботи истеъмолкунанда диққат надода, бозорро аз даст доданд. Маротибаи дуюм онҳо маҷбур шудаанд, ки бозорро пурра ва ҳаматарафа омӯхта, вобаста ба талаботи он маҳсулот бароранд ва мавқеъ пайдо намуданд.

Инчунин бояд донист, ки ҳеҷ чизи доимӣ ва ҳамешагӣ нест. Чунон ки мо онро дар мавзӯъҳои гузашта дар мисоли каҷхатаи Портер нишон дода будем.

Бояд қайд кард, ки идоракунӣ агар дар асоси факту рақамҳои аниқ
ташкил карда шавад, самаранок ва ояндадор мебошад. Барои мисол, мумкин аз
таҷрибаи соҳибкори амрикоӣ Алфред Слоун истифода намуд. Слоун барои
фаҳмидани ҳолати фурӯши автомобилҳои компанияи General Motors — тамоми
Амрикоро гашта ахбор ҷамъоварӣ менамояд, ки ин охири солҳои 20-уми асри

пешина
аз 522
навбатӣ