Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
гузашта буд. Ӯ на фақат ба намояндагони дилерҳо вохӯриҳо мегузаронд, балки аз ҳолати фурӯши автомобилҳо бохабар шуд. Дар натиҷа дилерҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуда, ба сиёсати молиягузории «одамони қобилиятнок» гузашт, ки баъзе аз онҳо имконоти маблағи аввалии сармояро надоштанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Слоун натавонист, ки оид ба фурӯш ва талаботи автомобил ахбори пурра ва саривақтӣ ба даст орад. Бинобар ин, ба хулосае омад, ки ҳисоботҳои дилерҳоро «стандартизатсия кунонида» охири ҳар як моҳ ахбори аниқ гирифта, таҳлил карда, барои давраи оянда масъалагузорӣ намояд.
Маҳз тавассути ахбори аниқу саривақтӣ ӯ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ дар бозори автомобил мавқеи калон пайдо намояд. Маҳз аввалин системаи ахбории байни истеҳсолкунанда - тоҷир ва истеъмолкунанда аз ҳамин ширкат сарчашма гирифта, дар шакли хаттӣ пайдо гардид.
Аз тарафи дигар идоракунӣ дар асоси факту рақам маҳз соҳибкори Слоун буда, бевосита истифодаи ахбори технологиро пайдо месозад, ки то имрӯз он стандартҳоро ҳатто дар Интернет истифода менамоянд ва он чун системаи вуҷуд дорад. Компанияи дигари байналхалқии Микрософт бошад баъди аз ҳудуди Амрикои Шимолӣ баромадан инкишофи босуръати худро пайдо намуд.
Чунки дар баробари афзоиши корхонаҳои саноатӣ, истифодаи ахбор ва моҳияти он афзуда талабот хеле ҳам баланд гардид. Маълум аст, ки имрӯзҳо аксари компанияҳои калони автомобилсозӣ фақат аз он бурд менамоянд, ки онҳо бо мизоҷони худ алоқаи самаранок ва даимӣ дошта, суръати қабули ахбор ва ҷараёни ахборро тезонида, аз ҳисоби сифати маркетинг ва ҷараёни пурраи ахбории технологияи сифрӣ бурд менамоянд.
Аҳамияти «системаи асаби электронӣ» барои ташкилотҳое бисёртар зарур
мебошанд, ки асоси фаъолияти онҳоро ахбор ташкил медиҳад. Махсусан, соҳаи
бонкдорӣ, ширкатҳои суғурта илова бар ин дар ҳар масъалаи муҳим имконоти
зеҳнии кормандон, қабули саривақтии қарор ва усулҳои хоси идоракунӣ мақоми
арзанда доранд, яъне то чӣ андоза роҳбарони ин ё он ташкилот ақидаҳои
пешқадам ва донишманди кормандони худро истифода карда метавонад, вобаста
мебошад. Ахбори зиёди «Системаи асаби электронӣ»-и корхонаро на фақат
коркард лозим аст, балки донише зарур мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ онҳоро
омӯхта, стратегияи корхонаро муайян созанд, яъне вазифаи «Системаи асаби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё