Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

халқҳо ва миллатҳои гуногун, созгор шудан ба муҳитҳои гуногун ба мо бештар таъсир расониданд.

Асоси инкишофи қобилияти пешвои ояндаро оила муайян месозад, инчунин рафтору маданияти муомилаю гуфтор дар муҳити гуногун пайдарпай ташаккул меёбад. Дар давоми кор, аллакай, масъулиятнокии маъмурӣ ва маданияти байналхалқӣ рафторро ташаккул медиҳад ва ҳавасманд месозад, ки пешвоён ва роҳбарон хулқу атвор ва рафторро дар сатҳи байналхалқӣ дошта бошанд.

Бинобар ин, дар интихоби пешво дар кадом вазифаҳо кор карданашро ба инобат гирифта, пеш аз ҳама ба тарбияи овони кӯдакӣ ва муҳити зисти ӯ такя кардан хубтар мебуд. Яъне барои шахс тарбияи хонаводагӣ, ки аз волидон гирифта, дар он муҳит шахсияти худро ташаккул додааст, яъне тарбия ёфта, маълумоти зарурӣ гирифтааст, аҳамияти назаррас дорад. Тарбияи падару модар дар инкишофи кӯдак таъсири калон дорад, ташаккули хислат ва рафтори ӯ, пеш аз ҳама, дар кӯдакӣ бараъло ҳис карда мешаванд.

Волидайне, ки ба кӯдакон вобаста ба сину солашон кӯмак расонида, имкон ва шароит пайдо месозанд, ки ӯ ҳудуди донишҳои худро васеъ сохта, талаботҳои ҷаҳондонию ҷаҳонбинии худро қонеъ гардонад, барои ояндаи ин шахс пойдевори мустаҳкам пайдо гашта, ин омилҳо метавонад асоси пешвой гардад. Аз тарафи дигар он муҳити иҷтимоие, ки кӯдак дар он инкишоф ёфта, ба воя мерасад, ба шахсияти ӯ таъсири худро амиқ мерасонад. Мисол кӯдаконе, ки дар ҷамъияти баробарҳуқуқи коллективӣ ба воя мерасанд, имконоти баланди пешво шуданро доранд, яъне онҳо дар худ аллакай унсурҳои боварӣ ба худ, имконот, эътимод ва ғайраро доранд. Аз тарафи дигар муносибатҳои кӯдакӣ метавонад дар дили кӯдак нақши меҳру муҳаббатро нисбат ба он халқу миллате, ки ӯ дар байни онон ба воя мерасад, хеле амиқ бимонад.

Омили дигаре, ки яке аз талаботҳои асосии пешвоӣ ва хирадмандӣ мебошад, ин маърифатнокӣ ва таҷрибаи корӣ аст.

Маърифатнокӣ дар ҷаҳонбинии кӯдак мақоми махсус бозида мавқеи ҷамъиятии онҳоро дар оянда муайян месозад. Дар ин ҷода оила мақоми арзанда ва асосиро доро мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ