Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз тарафи дигар, дастгирии оила метавонад, ки ба шахси соҳибкор ҳатто дар мавқеи байналхалқӣ омили болоравӣ ва соҳиб гаштан ба мақоми баланд бошад. Мисол, ширкати Nokia истеҳсолкунандаи телефонҳои мобилӣ, ки дар ҷаҳон дар ҷойҳои аввалин меистад, ташкилоти оилавӣ мебошанд ва танҳо 4% соҳибкориаш дар ватанашон ва боқӣ дар дигар давлатҳо мебошад.

Маркази асосии илмӣ-тадқиқотии Nokia дар Ҷопон, Британияи Кабир ва Финляндия буда, фабрикаҳояшон дар штати Техас ва маркази дизайни онҳо дар штати Калифорния ҷойгир аст. Сабаби асосии пешравии Nokia навоварии глобалӣ ва густариши васеъ мебошад.

Роҳбарони хирадманд бояд ташкилоти бисёримиллата дошта, бо истифода аз арзишҳои волои онҳо ба мақсадҳои ниҳоии худ бирасанд.

Пешвои хирадманд самаранокии зиёдеро ба корхона ворид месозад. Алоқамандии пешвой ва менеҷментро якчанд олимон ва мутахассисон таҳлил карда, ба хулосае омаданд, ки дар ҳақиқат роҳу усулу мавқеи пешвои хирадманд аз менеҷер ба куллӣ фарқ мекунад. Аксари олимон ин фарқиятро дар он мебинанд, ки роҳбар ва пешвои хирадманд на идора, балки сарварӣ мекунад. Аслан дар санъати менеҷмент чунин хусусиятҳои пешвои хирадмандро ҷудо мекунанд:
❖ пешво барои фаъолият дар оянда ҳавасманд буда, менеҷер тамоми қувваро барои имрӯз сарф мекунад;
❖ пешвоён барои дигаргунсозӣ, навсозӣ кӯшиш намоянд, менеҷерон оромиро дӯст медоранд;
❖ пешвоён дар асоси нақшаҳои стратегӣ фаъолият менамоянд, менеҷерон тибқи нақшаҳои кӯтоҳмуддат;
❖ пешвоён ояндаро пешбинӣ менамоянд, аммо менеҷерон аз рӯи дастурамалҳо фаъолият менамоянд;
❖ пешвоён бо андешаи «чӣ бояд кард?» фаъолият намоянд, менеҷерон бештар бо шиори «барои чӣ?»;
❖ пешвоён метавонанд, ки ҳукмрониро ба дигар кас бовар кунанд, аммо менеҷерон мехоҳанд, ки доимо шахсан назорат карда истанд;
❖ пешвоён метавонанд фаъолиятро содда намоянд, менеҷерон баръакс мехоҳанд, ки мураккаб бошад;

пешина
аз 522
навбатӣ