Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

созанд. Равоншиноси бузург Маслоу ҳанӯз солҳои 60-уми асри ХХ қайд намуда буд, ки одамон аз дониш метарсанд, чунки камбудӣ, сустӣ, сатҳи фаҳмиши паст доштан ва гуноҳҳои худро ошкор месозанд.

Аксар вақт бисёр одамон худро аз зиндагии идеалӣ ҳимоя намуда, бо роҳи диққат надодан, ё худ инкор кардани ҳақиқат амал менамоянд. Мо бештар аз инкишоф додани худ дар ҳарос буда, метарсем. Бо роҳе равонем, ки одат шудааст ва аз роҳи дурусттар ҳазар менамоем. Андеша дар мавриди ба ҳамагон мақбул набудани нодонии бисёр дар рафтор намешавад, қувваро мегирад. Чунин зиддиятро олимон ҳамчун «инкори тарафҳои хуби қобилияту имконот, иқтидори баланди зеҳнию эҷодӣ» медонанд. Аз дигар тараф, он муборизаи худи мо ба муқобили бузургшавии худамон мебошад».

Олимони бахши менеҷмент қайд менамоянд, ки «мавқеи босамари ҳар як фард он аст, ки ӯ нисбат ба худаш ҳақиқатпараст бошад». Маҳз ҳамин падида ӯро маҷбур месозад, ки доимо нисбати худаш ва нисбати дигарон дар ҷустуҷӯи ахбори воқеӣ бошад. Ӯ доимо дар ҷустуҷӯи илму дониш буда, дар бораи худаш як қиссаро тасаввур менамояд, ки ӯ худ қаҳрамони асосӣ буда, бояд доимо дар ҷустуҷӯӣ бошад ва ба ҳама ҳолатҳо тоб оварда, ғалаба намояд.

Маҳз чунин як қаҳрамонӣ дар раванди ҷустуҷӯи ҳақиқати «худшиносӣ»
имкон медиҳад, ки роҳбар чунин талаботро нисбат ба дигарон низ дошта, дар маҷмӯъ дастаи менеҷменти муассиса бояд соҳиби дониши кофӣ бошад. Ин гуна одамон дар баробари донишомӯзии «одамшиносӣ» санъати роҳбариро низ омӯхта, роҳбари хеле донишманду кордон мегарданд.

Масъалаҳои мақбул донистан ва дарк намудани муҳити ахбори нав хеле мураккаб буда, якчанд паҳлӯ доранд.

Якум, одамон, махсусан, мардуми Шарқ мавқеи муҳофизатӣ гирифта, ҳақиқатро инкор карда, аз камбудии хеш ягон ахборро қабул надорад, зеро дар акси ҳол ӯ бояд рафтор, муносибат, хислати худро дигар намояд, ки ин хеле мушкил мебошад ва ин махсусан, дар ҳолате, ки дониши шахс дар дараҷаи паст қарор дорад.

Дуюм, вақти шунидани хабаре, ки роҳбар ё худ менеҷери дигар дар бораи
дониши касбиатон шубҳа дорад. Ин ба он фаҳмише, ки «ман»-и ШУМО пайдо
шудааст, зид мебошад. Дар ин ҳолат мавқеи муҳофизатиро ишғол карда, амали

пешина
аз 522
навбатӣ