Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
тариқи муносибатҳо ҷавоб мегардонанд. Худифодагӣ ва худшиносӣ нисбати дигарон ва дар рафтори бевоситаи шахс манбаи асосии рушд мегардад.
Сарчашмаи дигари «худифодагӣ» диққат додан ба «худбаҳодиҳӣ» оид ба фаъолият ва қобилият, баҳо додан ба рафтори одамон мебошад. Махсусан, баҳодиҳӣ ба ҳамкорон. Самаранокии кори менеҷерон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ то чӣ андоза одамонро мефаҳмад, ҳис мекунад ва байни онҳо тафовутҳо мебинад.
Идоракунии ҳолатҳои гуногуни фаъолият, вобаста ба рафтори одамон, омӯзиш, донистану баҳои дуруст додани он, хислатҳои кордонӣ ба ихтисосмандии менеҷер мебошад.
Менеҷер оид ба масоили одамшиносӣ бояд доимо илм омӯзад, қобилияти таҳлили амиқи амалиявию назариявӣ дошта бошад. Махсусан вобаста ба ҳолатҳо, синну сол, ҷинсият, дину оин, миллат, маданият ва пайдоиши этникии онҳо маълумоти аниқу пурра дошта бошад. Омӯзиши амиқи хеш ва дигарон дар ҳолатҳои гуногун, баҳои воқеӣ додан, хислатҳое мебошанд, ки барои ташаккули шахсиятҳо кӯмаки калон мерасонанд. Онҳо метавонанд, ки маълумоти пурра ва аниқ пайдо карда, рафторашонро ба ӯ мувофиқ намуда, ҳамчун менеҷери дорои санъати баланди касбӣ баромад намояд.
Худшиносӣ имкон медиҳад, ки дар бораи худ фикру ақидаро дигаргун ва талаботро зиёд намуда, дар пешравии худ саҳми калон гузоред. Вақте ки Шумо нақшаи инкишофи хешро дигаргун месозед, ин тағйирот дар рафторатон низ ворид мегардад ва муносибат ба атрофиён низ тағйир меёбанд. Муҳимаш он аст, ки шахс иқтидори пурпури зеҳнӣ пайдо менамояд. Он нисбат ба дигарон афзалтар буда, шахсро аз дигарон боло мегузорад.
Баъзе одамон вақте ки бо зинаи муайяне мерасанд, ба худ чунон боварӣ ҳосил менамоянд, ки ба ҳар гуна қаҳрамонӣ ва шуҷоаткорӣ қодир мебошанд.
Ҳамин тариқ, худшиносӣ ин сармояе мебошад, ки барои расидан ба мақсадҳои ниҳоии мавқеъгузорӣ, вазифагирӣ дар ҷамъият имкон медиҳад. Ин роҳи боаклонаи инкишофи башарӣ буда, тавассути он инсон метавонад ба мақсади волои хеш - зиндагонии хуб бирасад.
Очеркҳои таърихӣ ва ҳолатҳои воқеии зиндагонии одамон гувоҳӣ медиҳанд,
ки онҳо аксар маврид усул, ё тарзи зиндагиеро пеш мегиранд, ки навъи дигари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё