Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намегузорад ба иззати нафси халқу миллатҳои гуногун расанд. Агар дар маданияти ташкилот унсурҳое бошад, ки ба арзишҳои миллии қисме аз кормандон зид бошад, он гоҳ эҳтимол ба ҳолати моҷарогароии коллектив оварда расонад. Менеҷменти ташкилот бояд, пеш аз ҳама, бартариро ба арзишҳои миллии кишвар, халқу кормандони ҳамон минтақа равона сохта, дар асоси он арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафтори ташкилотро тартиб дода, дар коллектив тасдиқ карда, истифода баранд. Агар чунин як қоида истифода карда шавад, муҳити психологӣ дар ташкилот солим буда, инкишоф меёбад.

Дар баробари «арзишҳои маданӣ ва миллӣ», боз арзишҳои «фардӣ» низ вуҷуд доранд, ки дар санъати менеҷмент мақоми хосеро пайдо намудаанд.

Менеҷменти ташкилотро зарур аст, ки арзишҳои фардиро низ то дараҷаи арзишҳои умумимиллӣ омӯзад ва истифода барад. Мутахассисони бахши менеҷмент ба чунин хулоса омадаанд, ки одамон дорои арзишҳои маҳдуд мебошанд, гарчанде ки қариб ҳамаи онҳо оиди арзишҳо ҳарф мегӯянд ва мепарастанд. Чунин ҳолат дар одамон ба таври гуногун ба амал меояд.

Чунончи ҳуқуқшиносон қайд мекунанд, «Чӣ қадар вақт, ки нагузашта бошад, то ҳол ду одами изи дасташ якхеларо онҳо мушоҳида накардаанд». Аз тарафи дигар ҳамаи мо оламро қадр мекунем, аммо омӯзиш, фаҳмиш, дараҷаи истифода, ҳаловат ва дараҷаи қадршиносиамон аз якдигар қуллан фарқ мекунад.
Яке мутахассиси варзидаи баъзе аз унсурҳо ё худ ҷисмҳои олам аст, дигаре умуман оид ба масъалаҳои оддӣ тасаввурот надорад, ҳатто хондаю навишта наметавонад.

Баъзан арзишҳои фардиро ба ду гурӯҳи калон ҷудо мемонанд:

  1. Арзишҳои васоитӣ, ки ба воситаҳо нишонагирӣ менамоем.
  2. Терминалӣ — ки ба мақсади охирин равона карда шудааст.

Арзишҳои васоитӣ дар худ қоидаҳои рафторӣ ё худ усулҳои муайяни ба мақсад расиданро дар бар мегирад ва инҳо гурӯҳи меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишӣ мебошанд. Риоя накардани арзишҳои ахлоқӣ ҳисси гунаҳкорӣ, ё худ ҷавобгарии инсониро дошта, меъёрҳои арзишӣ, ҳисси шарму ҳаё мебошад.

Арзишҳои терминалӣ барои ба мақсади охирин расидан ё худ натиҷагирии ҳар як фард мебошад. Чунин арзишҳо беохир буда, дар зинаҳо ва давраҳои гуногун бо кӯшишҳои ҳар як фард ба даст меояд.

пешина
аз 522
навбатӣ