Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
баҳо медиҳанд: ҳар қадаре ки коммуникатсия васеъ шавад, ҳамон қадар суръати инкишофи ахлоқӣ меафзояд.
Муайян кардани дараҷаи камолот дар низоми арзишҳои фардӣ, на фақат имкони дарки хеш, балки таъсири калони худро оид ба тарафҳои ахлоқӣ, қабули қарори идорӣ низ дорад. Аксари амрикоиҳо, соҳибкории амрикоиро аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ хеле паст баҳо медиҳанд. Ҳарчанд 10/9 ширкатҳои амрикоӣ аз рӯи кодекси ахлоқӣ амал кунанд ҳам, лекин ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки меъёрҳо гӯё риоя карда намешаванд. Бисёр мавридҳо менеҷерони амрикоӣ бо эмдинятҳо ва муқовиматҳои зиёд ба даст даровардани капитал ва маҳдудияти хирадо ё бо ҳам мувофиқ наомадани рафторҳои маъмули менеҷерон ба маҳсудҳои ширкатҳо ва ғайраҳоро тавсиф менамоянд. Аксар мавридҳо онҳо маҷбур мешаванд, ки ба зиддияти манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучор гарданд.
Маҳз қабул намудани қарори боақлона дар чунин ҳолатҳо, яке аз нишонҳои он мебошад, ки то чӣ андоза менеҷерон дорои арзишҳои баланди ахлоқӣ ва принсипиалӣ буда, зинаи камолоташон маълум мегардад.
Менеҷере, ки фаҳмишҳои васеъ ва амиқи ҳам иқтисодӣ ҳам иҷтимоӣ дорад, аз ӯҳдаи ҳалли можаро баромада, мавқеашро нигоҳ медорад. Дар худ кор карда баромадани равандҳои умумии арзишҳо, ки дар ҳама ҳолатҳо самаранок бошад, яке аз нишондиҳандаҳои хирадмандии роҳбарон ба ҳисоб мераванд.
Дар ҳаёт ҳар яки мо ба ахбори зиёд рӯбарӯ мешавем, аммо ба қисме аз онҳо диққат медиҳем. Пайдарпай мушоҳида мешавад, ки асаби мо қобилияти ихбора қабул намудани ҳама чизро надорад, лекин вобаста ба дараҷаи камолот ва дигар арзишҳои фардӣ ҳар як шахс усулу тарзи қабули ахбории худро дорад, ки онро услуби фаҳмиш низ мегӯянд.
Маҳз услуби фаҳмиш хусусияти қабул ва коркарди ахборро, инчунин ҷавоби моро ба он муайян месозад.
Услуби фаҳмиш ду шакли ченак дорад:
-
Тарзи ҷамъоварии ахбор.
-
Тарзи баҳодиҳӣ ва истифодаи он.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё