Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қадами дуввум кор карда баромадани роҳи беҳтарини ба мақсад расидан мебошад.

Мо бояд шаклҳои гуногуни ҳалли масоилро кор карда бароем. Таҷриба ва тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар ин ҳолат сифати қабули қарори ҳалли масоил хеле беҳтар шуда, самаранокии иҷрои он таъмин мегардад.

Баъзе ҳолатҳое ҳам дида мешаванд, ки агар яку якбора ҷавоб гардонем ё худ масоилро насанҷида қарор қабул намоем, ин боз ба пайдоиши масоили дигар оварда мерасонад, яъне ақидаи аввали беандеша на ҳама вақт дуруст мебарояд, махсусан, вақте мо дурбиниро фаромӯш менамоем.

Ҳар қадар ҳалли гуногуни масъала пайдо мешавад, ҳамон қадар имкони баҳодиҳии дуруст ба амал меояд.

Дар вақти ҷустуҷӯи роҳҳои гуногуни ҳалли масоил чунин дастур дода мешавад:

  1. Барои баҳо додани роҳи ҳалли масоил шитобкорӣ лозим нест. Баҳодиҳӣ ҳамон вақт дуруст аст, дар асоси пурра таҳлил кардани ҳамаи шаклҳо сурат гирад.

  2. Кӯшиш намоед, ки дар муҳокимаи масоил ҳамаи тарафҳои манфиатдор иштирок намоянд. Иштироки пурраи тарафҳо ба сифати қарори ҳалли масоил таъсири мусбӣ мерасонад.

  3. Шакли рақобатии ҳалли масоил бояд ба мақсадҳо ва сиёсати ташкилот мувофиқат намояд.

  4. Натиҷагирии ҷорӣ ва дарозмуддати ҳалли масоилро таҳлил карда бароед.

  5. Шаклҳои рақобатиро бо ҳам омехта карда, яъне ақида ва фикрҳоро пурра санҷида, сонӣ қарор қабул намоед.

  6. Эҳтимол масоили дигари зарурие ба миён меояд, ки бояд ҳал карда шавад. Дар ин сурат кӯшиш намоед ҳалли вай ба ҳалли масъалаи асосӣ таъсир нарасонад.

Қадами сеюм. Баҳодиҳии шакли беҳтарин ва интихоби он.

Ин қадаме мебошад, ки менеҷер бояд ҳатман таҳлили амиқи тарафҳои
мусбию манфии қарор ва ҳалли масоилро иҷро намоянд. Ҳангоми интихоби
варианти беҳтарин, ҳамоне ҷудо карда мешавад, ки боз масъалаи навро пайдо

пешина
аз 522
навбатӣ