Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ташаккул додани арзишҳои баланд бо роҳи идоракунии оқилона ва қабули қарорҳои зарурӣ яке аз шартҳои соҳибкорӣ гаштааст.
Функсияи асосии инкишофи пешвой дар ташкилотҳо ин равона сохтани диққати асосӣ ба кордонӣ ва ӯҳдабароии пешвой, ташкили фаъолияти роҳбарӣ ва иҷрои кор аз рӯи нишонаҳои навини кордонӣ аст.
Кордонии роҳбарӣ, ин навоварӣ дар рафтори ташкилӣ бо мақсади ноил гаштан ба иҷрои нақшаҳои гузошташудааст. Маҳз иҷрои бомуваффақияти нақшаҳои гузошташуда унсури асосии пешвой буда, ба табақаҳои дараҷаю вазифаҳои якхела дошта таъсир расонидан, ё худ фикри худро татбиқ карда тавонистан дар қабули қарорҳо ва дар фаъолияти корӣ, арзишҳои баланди этикӣ доштан, нишонаҳои асосии пешвой ва хирадмандӣ ба ҳисоб мераванд. Омӯзиши пешвоён дар ин зинаҳо вобаста ба қарори соҳибкорӣ суръат гирифта, махсусан диққат ба навовариҳои назорат ва мушоҳидаҳое, ки дар зинаҳои поёнии ин ташкилот ба вуҷуд меоянд, дода мешавад. Бинобар ин, аксар маврид, қайд карда мешавад, ки таҷриба ва кордонии ҳар як ташкилот дар ҳудуди фаъолияти худи корхона мемонад.
Бартарияти пешвой дар ташкилотҳо пеш аз ҳама аз он вобаста мебошад, ки дар он чӣ хел гурӯҳҳо иштирок менамоянд, қобилияти таъмин намудани инкишофи захираҳои башарӣ ва соҳибкории махсусро доранд, чӣ гуна фаъолияти самараноки пешворо таъмин менамояд.
Аслан пешвоиро шахсоне ба ӯҳда доранд, ки онҳо таҷрибаи соҳибкориро ба дараҷаи хеле баланд дошта, ба худ ҳисси ҷавобгарӣ ва масъулиятшиносиро гирифтаанд. Истифодаи пешвоӣ дар равандҳои асосии соҳибкорӣ ва инкишофи захираҳои башӣ имкони инкишофи таҷрибавии кордонии кормандонро бевосита таъмин месозад. Бинобар ин, агар дар баъзе ташкилотҳо барои иҷрои ин вазифа роҳбарони табақаҳои болой даъват карда шаванд, дар дигар ташкилотҳо менеҷерони қаторӣ, ки қобилияти баланди пешвоӣ доранд, ҷалб карда мешаванд. Ҳар дуи роҳҳо имкон медиҳанд, ки пешвоӣ ва хирадмандӣ дар ташкилот вусъат ёфта, барои инкишофи ояндаи соҳибкорӣ дар корхона кафолатнокӣ пайдо гардад.
Раванди дигари инкишофи пешвой ба инобат гирифтани омилҳои гуногуни берунаи ташкилот мебошанд. Дар иҷрои ин раванд роҳбарияти ташкилот маҷбур аст, ки сохтор, сарчашмаҳо, унсурҳо ва дигаргуншавиҳои омили берунаро омӯзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё