Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ва ба инобат гирад, чунки обрӯю эътибори пешвой ҳамон вақт амалӣ мегардад, ки аз тарафи истеъмолкунандагон хеле хуб қабул карда шавад. Илова бар ин муносибати хуб доштан бо мизоҷон, омӯзиши талаботу дархостҳои онҳо яке аз ҷараёни доимии фаъолияти менеҷменти ташкилотҳо мебошанд.

Таъмини дурусти ин ҷараён механизми зеринро талаб менамоянд:
❖ ҷалб намудани менеҷерони донишманди таҷрибадор ба вазифаҳои асосӣ; ❖ ташкили кумитаҳои идоравии барномасозӣ дар ин самт; ❖ алоқаи расмии менеҷерон бо менеҷерони бахши банақшагирии стратегӣ; ❖ ташкили сӯҳбатҳо бо пешвоёни бизнеси ин соҳа; ❖ таҳлили талаботҳои мизоҷони дохила ва беруна.

Боварӣ доштан ба пешво ва мутобиқ будани он ба соҳаи аниқи соҳибкорӣ шарти зарурӣ мебошад. Нисбат ба дастовардҳои он дар гузашта, муҳокимаи мутобиқ, ё худ арзанда будани шахсиятҳо, ба ин ё он вазифа, хеле мушкил ва баҳснок мебошанд, чунки меъёрҳои асосии интихоби пешво, ё худ арзанда будани шахсон ба ин ё он вазифа аз тарафи роҳбарони алоҳида гуногун баҳо дода мешаванд. Аксари роҳбарон чунин ақида доранд, ки натиҷаи арзандагиро аз рӯи манфиатнокии фаъолият дар ҳама ҷабҳаҳои ташкилот новобаста аз ихтисос, вазифа ва мавқеи иҷтимоӣ баҳо додан зарур мебошад, аммо таҷрибаи солҳои охири ташкилотҳои байналхалқӣ нишон медиҳанд, ки он фаъолияте, ки пешвоён метавонанд, дар Амрико татбиқ намоянд, дар Аврупо, ё худ Осиё айнан онро иҷро карда наметавонанд. Барои ҳалли муаммоҳо солҳои охир олимон арзишҳои баланди инсониро кор карда баромаданд, ки дар вақти баҳо додани пешвоён аксар мавридҳо истифода карда мешаванд ва аслан се нишони асосиро дар навбати аввал ба инобат мегиранд:

  1. Суръати иҷрои супориш, ё худ кор.
  2. Оддӣ будани шахсиятҳо ва фикрронии онҳо.
  3. Боварии қатъӣ доштан ба худ ва дигаронро бовар кунонида тавонистан.

Ҳамин тариқ, чунин хислатҳои фарқкунандаи пешвоёни хирадмандро метавон баён кард:
❖ доимо ҳаракати беҳтаршавии фаъолиятро дошта, бюрократияро намеписандад;

пешина
аз 522
навбатӣ