Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ақидаҳо дар асоси «боварӣ» пайдо гашта, бе исбот қабул карда мешаванд, чунки инсоният ҳанӯз чунин қобилияти баланди коркард ва дарк намудани ахбори зиёди оламро надорад.
Аслан чунин қабул шудааст, ки ҷараёни тарбияи кӯдакро то мактабу донишгоҳ дар назар дошта гумон дорем, ки минбаъд инсоният гӯё ба тарбия зарурат надошта бошад, аммо ба ақидаи аксари донишмандон инсоният тамоми умр ба тарбия муҳтоҷу эҳтиёҷманд мебошад. Мисол, фаъолияти корӣ, коллектив ва устодони сахтгир омилҳое мебошанд, ки мо хоҳиши омӯхтаниро пайдо намудаем. Дар натиҷаи тарбияи касбӣ ва корӣ роҳбариро аз худ менамоем, яъне инкишофи раванди эҷодӣ, ростию покқавлӣ, хирадмандӣ ё ба маъвадагӣ дурӯғгӯӣ, мардумфиребӣ ва ғайра шуғл пайдо намудан, пеш аз ҳама ба коллектив ва роҳбари он вобаста аст.
Дар санъати менеҷмент талаботҳои асосии тарбия инҳо мебошанд: идеологӣ, маданӣ, дониш ва ахлоқӣ. Барои тарбия аз рӯи чунин талаботҳо мо дар мавзӯи ташкили мураббигии ҳамин китоб маълумот додем. Дар амалигардонии ин талаботҳо мақоми асосиро рафтори намунавии роҳбар, усул ва тарзи роҳбарии ӯ, шаклу усули таъсиррасонӣ ба дигарон, инчунин рафтор ва муҳити психологию коллективе мебозад, ки Шумо дар он кору фаъолият доред.
Ҷаҳонбинии корманд бошад, дар асоси таъсири муҳити ҳаёти ӯ ба монанди васоити ахбори умум, рафтору қоидаҳо ва фаъолияти ҳокимият, рафтори пешвоёни сиёсӣ, рафтори шахсиятҳои шинохтаи ҷамъиятӣ, рафтори падару модар, рафиқон ва ғайраҳо ташаккул меёбад. Хислати инсонӣ чунин мебошад, ки ҳар замон ахбори нав гирифта, таҳлил намуда, мавқеъ ва муносибати худро ба он муайян месозад.
Асоси ҷаҳонбиниро оила, мактаб, ва ҷамоа мураттаб месозад. Дар ин ҷода, инчунин таъсири ташкилотҳои ҷамъиятӣ зиёд мебошад. Барои мардуми тоҷик ва мусулмон хуб мебуд агар аз синни хурдӣ ба тарбияи рӯҳии фарзандон оила ва ташкилотҳои маҳаллии ҷамъиятӣ, донишмандон ва масҷиду мадрасаҳо мақоми фаъол дошта бошанд.
Вақте ки одамон аз муҳити оила, мактаб, ҷомеа ва донишмандон дур мемонанд ба рафтору кирдорҳои ношоям даст зада, ба бемории рӯҳӣ гирифтор мегарданд, асабӣ шуда ба майзадагӣ, ё ҳатто қонуншиканӣ низ роҳ медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё