Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
махсуси рафтори роҳбарӣ ва назорати иҷрои он.
-
Гузаронидани машваратҳо, семинарҳо ва конфронсияҳои илмӣ оид ба масоили роҳбарӣ ва ташкили он.
-
Гузаронидани маҷлисҳои оҷилӣ, корӣ ва ҳисоботӣ, ҳавасмандкунии роҳбарони хушмуомила, фаъол ва донишманд.
-
Аз кор озод намудани роҳбароне, ки донишу ахлоқу рафтори хуби роҳбарӣ ва хоҳиши беҳтаршавии муҳити кори ташкилотро надоранд.
-
Ташкили муҳит - системаи озоди фикрронӣ, ё худ мактаби намунавии роҳбарӣ, ки бевосита худи роҳбар ҳамчун - пешво шинохта шавад ва намуна бошад.
Албатта, ҳолатҳое ҳам мушоҳида мешаванд, ки худи роҳбарони болоии менеҷмент аз уҳдаи ин талаботҳо баромада наметавонанд ва дар натиҷа худашон ариза дода, аз кор мераванд, ё онҳоро маҷбуран аз кор озод мекунанд.
Дар чунин ҳолатҳо роҳбар бояд аз сарчашмаҳои беруна истифода намояд, яъне мутахассисони беруна - равоншиносон, олимон ва сарварони варзидаро барои ҳалли муноқиша ҷалб намояд, инчунин таҷрибаи ташкилотҳои пешқадамро омӯхта, онро дар ташкилоти худ ҷорӣ намояд.
Илова бар ин тартиб додани лоиҳаҳои махсус барои баррасии муноқиша низ аз фоида холӣ намебошанд. Муноқишаро набояд ҳамчун унсури вайронкунандаи тартибот баҳогузорӣ намоем, балки ҳамчун як зуҳуроти норасогии фаъолияти менеҷмент баҳо додан лозим аст, ки ислоҳ мехоҳад. Барои пешгирӣ ва идора намудани муноқиша инчунин лозим аст, ки сарчашма ва роҳҳои ғайрирасмиро низ истифода карда, унсурҳо ва сабабҳои асосии муноқиша муайян карда шавад ва дар асоси ин чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст.
Албатта, дар ҳар як муноқиша тарафҳои манфиатдор, ҳавасманд, шахсони сеюм ва қонун амал менамояд ва хоҳ - нохоҳ мавқеи шахсони манфиатдор ва ҳавасманд мураккабтар мебошад. Барои пурра дарк намудани ҳақиқат ва воқеият, вақт ва меҳнати зиёде зарур аст, яъне таъмини талаботи қонун нисбат ба таъмини талаботи муноқиша осонтар аст. Баъзе мавридҳо сарчашмаи муноқишаҳо ва мақсади онҳо ғаразнок буда, на барои беҳтаршавии кори ташкилот, балки барои вайроншавӣ ва тезутундшавии ҳолатҳо равона карда мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо