Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданЧунон ки таҷрибаҳо нишон медиҳанд, роҳбарони аксари ташкилотҳои системаи бюрократию маъмурӣ ин усулро истифода карда, барои шахсони алоҳида ташкилотро барҳам медиҳанд. Ин нуқта низ бояд яке аз унсури муҳими санъати роҳбарии муноқиша гардад.
Умуман, санъати идоракунии муноқиша давраҳои зеринро бояд дар бар гирад:
- Таҳлили сарчашмаи муноқиша, сабабҳои алоқаи он ба сохтори ташкилот, маданияти дохила ва беруна, тарзу усули роҳбарӣ, таркиби кормандони корхона ва вақту соати муноқиша.
- Омӯзиш ва кор кардани системаи маданияти ташкилӣ, ки боиси пешгирии муноқиша мегардад. Вариантҳои гуногун ва самаранокии ҳалли муноқиша, пайвастагии он аз урфу одат, маданият ва таърихи миллату халқҳо сарчашма мегирад.
- Кор карда баромадани фишангҳои дохилӣ ва берунӣ, мувозинатии қувваҳо барои пешгирии муноқишаҳо. Баҳои миқдорӣ ва сифатӣ додан ба муноқиша.
- Дида баромадани вариантҳои гуногуни ҳалли муноқиша, бо воситаи гуфтушунид, ҳалли муаммо, маблағ ва қувва.
- Доштани алоқаи доимӣ, ахбори бефосила, муҳокимаи рафтори ҳар як корманд, вохӯриҳо ва ташкили кори мураббигӣ, ҳавасмандкунии кормандон, ислоҳи хатогиҳо ва ислоҳоти тағйироти сохторӣ ва кадрӣ.
Бояд дар хотир дошт, ки муноқиша тарафҳои мусбии худро низ дорад. Аслан функцияҳои мусбии муноқиша инҳо мебошанд:
- Функцияи ахбории муноқиша. Ин функция ду тараф дорад, яъне огоҳкунанда ва мухобиротӣ. Тарафи огоҳкунанда дар он зоҳир мегардад, ки менеҷменти корхона оид ба камбудиҳои кори роҳбарии худ бохабар шуда, онро ислоҳ менамояд ва мувозинатии хуби кориро таъмин месозад. Мисол, оид ба шароити корӣ, музди меҳнат, истифода аз мансаби баъзе вазифадорон ва ғайра. Идоракунии ин давра, албатта, осонтар буда, ислоҳи фавриро талаб менамояд ва роҳбаронро огоҳ менамоянд, то масъалаҳо мураккаб ва васеъ нагарданд, яъне хомӯш кардани сӯхтор дар ҳолати аввал нисбат ба давраи авҷгирии он хеле осон аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо