Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Умуман, муносибатҳои замони муосир аз шахс тафаккури амиқу мукаммал ва замонавӣ, малакаҳои махсуси иҷтимоӣ чун муоширати озод, одоби баҳс, таҳаммул ва амсоли инро тақозо дорад.
Инсонҳо дар мавриди шароити хуби зиндагонӣ, хона, ҷои кор ё онҳо надоштан наметавонанд тафаккур, фаҳмиш ва рафтори худро зери назорат гиранд.
Одамон бо мақсади он, ки аз дигар олами зинда фарқ кунанд, бояд оид ба муҳити атроф, воситаҳои истеҳсолӣ, асбобу ашёҳо эҳсоси дарк, яъне инъикоси воқеиятро дар шуури худ дошта бошанд.
Маҳз тафаккури одамон онҳоро аз дигар олами зинда ҷудо карда, дониш ва хотираю дарки ҳодисаҳоро таъмин намуда, ба муомила, муносибат ва доду гирифт мутобиқ месозад. Маҳз шуурнокӣ метавонад потенсиали вуҷуди одамонро дар тамоми шаклҳои фаъолияти ӯ ба низом дарорад ва ҳам омили субъективӣ ва ҳам объективии рафтори одамон гардад.
Омили субъективии шуурнокӣ:
❖ шуурнокӣ фақат ба инсон хос ҳаст;
❖ ҷараёни инкишофи шуурнокии одамон дар дохили организми ӯ
мебошад;
❖ фикр ва дониши худро мо ба дигар кас дода ё худ дар ҷараёни
истеҳсолот истифода карда, мо натиҷаи шуурнокии худро дар шакли
моддӣ мебинем;
❖ маҳз шуурнокӣ одамонро аз олами дигар ҷудо мекунад;
❖ дар фаҳмиши одамон дарки пурраи ҳақиқат дида намешавад.
Тарафҳои объективии шуурнокӣ:
❖ шуур ҳамчун олами дохилаи инсон объекти омӯзиши дигарон мебошад;
❖ дараҷаи шуурнокии инсонҳо дар сухангӯӣ, рафтор, ҳаракатҳои ӯ
маълум гашта, мо метавонем оид ба ҷаҳони дохилаи шахс хулосаи зарурӣ
барорем;
❖ шуури инсон хислати объективӣ дорад, ки ҳақиқати ҳолро инъикос менамояд. Ҳақиқат ин фикрронии мо оид ба воқеият мебошад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҳар як шахс табиатан бевосита хусусияти
хоси психологии худро доро мебошад, ки менеҷери ташкилот бояд онро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо