Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Амалиётҳо бо воситаи компютер сурат мегирад. Вобаста ба ин ҳар як роҳбари тоҷик истифодаи компютерро хеле хуб бояд бидонад.
Имрӯзҳо, албатта, шаклҳои моликият, технологияи истеҳсолӣ, фурӯши мол ва талаботи бозор куллан тағйир ёфтааст. Ҳатто, дар истеҳсолот суръати ҳаракати мол хеле тез гардида, он аз 6 моҳ то 3 солро ташкил медиҳад ва роҳбари кордони замонавӣ аз 3 то 5 сол технологияи истеҳсолии корхонаро бояд дигаргун созад, вагарна аз суръати ҳаракати тези бозор қафо монда, ба талаботи замон ҷавобгӯ буда наметавонад.
Усули самараноқ ва диққатҷалбкунандае, ки дар менеҷменти аксари ширкатҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳо истифода карда мешавад, усули барномасозии мақсаднок буда, дар он маблағи аниқу зарурӣ, иҷрокунандаи муайян, фоиданокӣ рӯзу соати иҷрои кор роҳбарӣ карда мешавад ва натиҷаҳои мусбии зиёдеро низ ба даст овардаанд.
Хулоса, санъати идоракунии муноқиша дар менеҷмент талаб менамояд, ки аз коргари оддӣ то роҳбари болоии менеҷмент қобилияти баланди фикрронӣ ва дарки масоилро дошта бошад.
36.3. Ҳолатҳои психологӣ ва хотираи кормандон
Ҳолатҳои психологии кормандон, хотира, фаҳмиш ва фикрронии онҳо яке аз масъалаҳои муҳими санъати менеҷменти асри XXI мебошад. Фаҳмонда додани фаҳмишҳои экологӣ, башардӯстӣ ва рафтори волои инсонӣ, ягона роҳи наҷоти одамон аз инкишофи технократӣ мебошад. Аксари олимон чунин ақида доранд, ки дар назди инкишофи босуръати ҷаҳони иқтисодии имрӯза фаҳмиши одамон қобилияти дарки пурраро надорад. Бинобар ин, мушкилиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, тағйирёбии тарзи зиндагонӣ ба миён меояд, ки дар инкишофи шахсиятҳо, ҳолати психологии онҳо таъсири худро мерасонад. Аз ин хотир масоили шуурнокӣ, хотира, фаҳмиш, эҳсосот аз доираи илми фалсафа берун шуда, дар илми менеҷмент ва дигар илмҳои иқтисодӣ мавқеи асосӣ пайдо намудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо