Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

одамонро дар ҳолатҳои махсус меомӯзад, назаррас аст. Бо ин усули гуфтушунид гунаҳкор будан, ё набудани гумонбаршудагон муайян карда мешавад.

Усули аввали универсалӣ, ё худ умумӣ дар ҳама соҳаҳо, ин тайёрӣ ва пурраи таъсиррасонии роҳбар бо сухан аст, яъне муайян кардани мақсади суҳбат, омӯзиши хусусиятҳои хоси психологии ҳамсуҳбат, дараҷаи интеллектуалӣ, маданият ва маърифати ӯ, кор карда баромадани усули рафторӣ, сарчашмаҳо ва аниқ будани ахбор оид ба суҳбат ва дигар омилҳои дуюмдараҷае, ки ба муомилаи шумо таъсир расонида метавонанд.

Усули дуюми универсалии таъсиррасонӣ — ин ташкил ва муҳайё сохтани муҳити хуби психологӣ, оромии муҳит ва вақт, муносибати озоди муомилавӣ, ки аз усулҳои суҳбати хурду калон, муфаттиш ва гумонбаршуда, падару писар, ки гоҳо дар онҳо дагалӣ, зулм, стресс ва туҳмат дида мешавад, куллан фарқ мекунанд.

Асоси методологии ин усулро тайёрии ҳаматарафа ва нақшаи аниқи бурдани суҳбат ташкил медиҳад, ки онро ҳар як роҳбар бо санъати волои роҳбарӣ бояд ба роҳ монда тавонад.

Яке аз усули боваркунонӣ дар санъати менеҷмент ин усули худтарбиякунӣ мебошад ва аз ҳама мураккаб дар санъати роҳбарӣ худбаҳодиҳӣ мебошад, чунки рафтори худро таҳлил намудан ҳунари ҳар кас буда наметавонад. Яъне воқеӣ баҳо додани ҷон худ дар ҷамъият, натиҷагирии рафтори хеш, донистани имконоти хеш, қобилияти модарзодӣ ва дигар хислатҳои хоси худро донистан барои ҳар як шахс хеле мураккаб мебошад.

Чунончи файласуфони бузурги гузашта Суқрот, Афлотун, Арасту, Умари Хайём, Абуалӣ ибни Сино, Абуабдуллои Рӯдакӣ, Низоммулмулк, Ҳофизу Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва чанде дигарон қайд менамоянд ва афсӯс ҳам меҳӯранд, ки «Мо надонистем кистем». Ҳар як шахс хаёл мекунад, ки фарогири тамоми олам мебошад, ӯ такрорнашаванда буда, маркази олам аст. Чӣ қадар, ки мо аз як лаҳза, ё як нафас будани ҳаёт сӯхан нагӯем, баъзе касон оламро аз рӯи ақлу ҳиссиёти худ қабул карда, гумон доранд, ки олам бо шарофати эшон ва барои эшон сохта шудааст.

Бинобар ин ҳар шахс, ки ба дунё меояд ба худаш як хосияти хос дошта, ҷои худро дорад, ягона ва фарқкунанда мебошад. Бояд бидонем, ки монандӣ мо

пешина
аз 522
навбатӣ