Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
касе ҳанӯз зиндагонӣ накадааст ва зиндагонӣ низ намекунанд. Аз ин хотир мо бояд мақоми махсуси худро дар ин олам боақлона пайдо намоем. Барои ба ин мақсади воло расидан инсони комил вазифадор мебошад, ки оламро, худро ва муҳитро омӯхта, донишҳояшро васеъ намояд ва аз имконотҳои оламию одамӣ самаранок истифода намуда, барои наслҳои оянда асари бузургеро боқӣ гузорад.
Аз рӯи тадқиқотҳои аксари олимон шахсияти модарзод се захираи бузурги зеринро доро мебошанд:
- Психофизиологӣ.
- Зеҳнӣ.
- Эҷодӣ.
Вазифаи муқаддаси ҳар як инсон инкишофу васеъ намудан ва амалӣ гардонидани ин се захираи бузург дар давоми умри кӯтоҳест, ки барои мо тоҷикон Худованд ба ҳисоби миёна 68-70 сол ато кардааст. Афсӯс, ки ин захираҳои қобилияти модарзодии одамон на ҳама вақт инкишоф дода мешавад.
Қобилиятҳо аксар маврид дар натиҷаи тарбияи нодуруст, муҳити носолими ҷамъият ва дигар омилҳо аз байн мераванд ва армонӣ низ мешаванд.
Пеш аз ҳама зарурияти инкишофи физиологии одамон ба ҳама маълум аст. Одам бояд солим бошад ва тани худро бо роҳи машқи бадан кардан, низоми хӯрок, меҳнат ва дамгирӣ ҳамеша солим нигоҳ дорад. Новобаста ба он ки ба чашм ва ақл моҳияти варзиш маълум аст, на ҳамаи одамон ба он диққат медиҳанд ва аз ӯҳдаи варзиши бефосилаи бадан мебароянд.
Инкишофи ақлонии одамон аз таваллуд шурӯъ шуда, то замони боварии ӯ ба худ давом мекунад, ки гӯё ҳама чизро медонад ва асрори олам дигар ба ӯ шавқовар набуда, чизи наверо дода наметавонад. Дар ин ҳолат одам ба монандӣ ҳайвоноти хурде табдил меёбад, ки бо фикру гуфтору рафтори худ ба асаби ҳама атрофиён таъсири манфӣ расонида, одамонро аз худ дур месозад.
Солҳои охир сотсиологҳо як ҳодисаи мудҳишро мушоҳида менамоянд, ки аксар ҷавонон ба пиршавии ақл гирифтор шуда истодаанд ва ин махсусан барои одамоне, ки дар оилаҳои аз ҷиҳати моддӣ таъмин зиндагӣ мекунанд, хос аст.
Чунин як раванд боиси зиёд гаштани нашъамандӣ, истеъмоли машрубот ва даст задан ба рафторҳои ношоиста гаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё