Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шахс дар мақсаднокии хислати онҳо зоҳир мегардад, ки аз натиҷаи фаъолият он қаноатманд буда, ахборро ба дараҷаи фаҳмиши худ қабул менамоянд. Баъзе рафторҳои ношоистаро шахсони дараҷаи шуурнокиашон паст дар ҳамон дараҷа қабул карда, ҳаловат мебаранд, ки ин, албатта, аз нишони инкишофи пасти эшон дарак медиҳад, яъне сатҳи шуурнокӣ муайянкунандаи дараҷаи ҷаҳонии одамон мебошад.

Ҳамин тариқ, шуурнокӣ ҳамчун ҷараёни ҷаҳонбинӣ ва худшиносии инсонҳо баромад мекунад, ки талаботи асосии санъати менеҷмент мебошад.

Аз нигоҳи таърихӣ табиати рӯҳии одамонро ба чор давраи калон антиқа, асрҳои миёна, нав ва навин ҷудо менамоянд:

Замони антиқа инсонҳо оид ба табиат ва муҳит фикрҳои фалсафии гуногун дошта, баъзе дар шакли афсона, тасаввур ва дигар намудҳои фаҳмиш баҳо медоданд. Дар ин замон оид ба мафҳуми рӯҳ дар корҳои Афлотун, Арасту хеле мукаммал гуфта шудааст. Мисол, Афлотун ақидаи ҷаҳонбинии идеалистиро дошта, шуурро якум ва ҳастиро дуюм муаррифӣ менамояд. Қабули ҳиссӣ ва фикрронии мантиқиро Афлотун ба олами муқоисанашаванда тасвир менамояд ва омӯзиши Пифагорро ба 3-қисм ҷудо мекунад: бошуурона, мардона аз рӯи хоҳиш. Маълум ки қисми аввал хислати ратсионалӣ дошта, қисми дуввум ва сеюм ғайриратсионалӣ мебошад. Пифагор рӯҳи одамонро аз ду қисм неку бад ва худ сиёҳу сафед ташбеҳ медиҳад.

Арасту (дююм) вуҷудро ҳамчун қисми ҷудошавандаи материя ҳисоб карда, кулл будани организми зинда ва қоидаи ташкили онро қайд мекунад.
Ҳиссаи Арасту оид ба омӯзиши функцияи рӯҳии инсон дар он мебошад, ки мақоми асосиро «ҳискунандаи марказ» мебозад. Маҳз майнаи сари инсон ширинию талхӣ, гармию хунукӣ, равшанию торикиро дарк карда, ба дигар узвҳо равона месозад. Дигар файласуфон Олкмен ва Кротон низ қайд намуданд, ки органи асосии «Рӯҳ» ин майна мебошад. Мувофиқи ақидаи Аврестиан «Худованд материя ва рӯҳро офаридаанд. Бинобар ин, рӯҳ метавонад материяро (оламро) бо роҳи мушоҳида, таҷриба, инчунин фаҳмиши ирсии худ дарк менамояд».

Рӯҳ қудрати фавқултабиӣ ва фавқулҳиссӣ буда, фақат бо роҳи боварӣ ба Худо метавон ба ӯ наздик шуд.

пешина
аз 522
навбатӣ