Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
формалии ҳодисаҳо номида шудаанд, яъне фикрронии абстрактии формалӣ ва сохтори фикрронии аниқи шахсҳо пайдо мегардад. Арасту объективизмро ҳамчун фикрронии воқеӣ баҳо дода, кафолати ин фикррониро ӯ дар ҳиссиёти ирсӣ мебинад.
Файласуф Декарт бошад фикррониро ҳамчун ҷараёни фаҳмиш ва нобоварӣ, мақбул ва номақбул, хоҳиш ва бехоҳиш меҳисобад ва вобаста ба ин фикрронӣ ҳамчун усули интихоби идеалии объект ва тасдиқӣ баҳо дода мешуд.
Бояд қайд кард, ки ҳарчанд фикрронӣ дар майнаи сари як шахс пайдо гашта шакли фардиро дошта бошад ҳам, дар ҳолати ба воситаи ҳаракатҳо ва рафтору фаъолият амалӣ гаштан шакли ҷамъиятиро гирифта, моҳият ва мавқеи васеъро доро мешавад.
Аз ин нигоҳ тамоми таърихи инкишофи ҷамъиятиро ҳамчун натиҷаи моддагароии фикрҳо гуфтан мумкин аст. Бинобар ин, ҷараёни инкишофи фикрронии кормандонро дар ҷараёни истеҳсолӣ ва фаъолият дар менеҷмент аз рӯи амалигардонии фикрронии ӯ дар ташкилот ва натиҷагирӣ метавон баҳо дод.
Мо пурра гуфта метавонем, ки усул ва дараҷаи инкишофи фикр, на фақат манфиати рӯҳӣ ва фардӣ барои шахсиятҳои алоҳида дорад, балки дар он манфиатҳои васеи иҷтимоӣ дида мешавад. Маҳз ҳамин нуқтаҳо менеҷментро маҷбур месозад, ки оид ба инкишофи ин мафҳуми мураккаби фалсафӣ диққати махсус диҳад.
Ҳамин тариқ, фикр ҳамчун шакли олии инъикоси ҳақиқат ва ҷаҳонбинии одамон буда, дар шакли мураккаби ҷараёни психологӣ дар майнаи одам ба вуҷуд меояд ва моҳияти васеи иҷтимоию иқтисодӣ дорад.
Албатта, майнаи одам ҳамон вақт аз уҳдаи чунин як функцияи мураккаб мебарояд, ки ахбори ҳаматарафа ва пурраи мафҳумҳо ва фаҳмиши мустаҳкам, яъне дониш дошта бошанд.
Илми имрӯза барои инкишофи инсонҳо ду равандро тавсия менамояд:
-
Илмию назариявӣ.
-
Амалию таҷрибавӣ.
Инкишофи фикр дар одамон маҳз ба инкишофи ин ду раванди нам вобастагии пурра дорад. Бояд қайд кард, ки илми назариявии инсонро аксари олимон ва мутахассисон шартан ба 2 қисм ҷудо мекунанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо