Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Илми модарзодӣ (табиӣ), ё худ Илоҳӣ (илми зотӣ).
  2. Илме, ки ҷисм ва ақли солим дар натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳои дигари ақлонӣ қабул менамояд (илми андӯхташуда).

Илми амалию таҷрибавӣ дар натиҷаи қобилияти ҳиссӣ, ирсӣ, эҳсосотӣ ва тарзи рафтори одамон дар ҷараёни зиндагӣ ба вуҷуд омада, ҳар як фард вобаста ба қобилияти фикррониаш дар синну соли гуногун, инкишоф медиҳад, яъне маҳз фикр инъикоси воқеии шуурнокии одамон мебошад.

Дар шароити имрӯза гуфтан мумкин аст, ки фикрронии одамон бевосита ба донишҳои ҷараёни моддию физиологӣ равона карда шудааст.

Оид ба мақом ва хусусияти дониш ва фикр Л.Н. Толстой қайд менамояд, ки «Дониш ҳамон вақт дониш ҳисоб мешавад, ки агар бо қувваи тафаккур ба худ омада бошад, на аз рӯи хотирот». Бинобар ин, инкишофи фикрронӣ қадами калони таърихии ҷаҳонбиниро дар бар гирифта, дар зинаҳои хеле баланд инкишоф ёфта истодааст. Албатта, чунин инкишоф дар фикрронӣ хосияти сифатан нави таърихиро дода, имкон медиҳад, ки мо на фақат олами берунаро, балки худро низ дарк карда тавонем, яъне зинаи олии фикрронӣ ин худшиносӣ буда, моро водор месозад, ки бо нигоҳи нав ба ҷаҳони имрӯза назар афканем, ки ин, албатта, назари волои рафтори инсонӣ мебошад. Ин масъала дар санъати менеҷмент зинаи 5-уми инкишофи роҳбарӣ дониста мешавад, ки мо дар аввали китоб гуфта гузаштаем.

Унсури ягонае, ки моро метавонад ба ин мақсади олӣ расонад, дониш мебошад, яъне ҳақиқатро инсон фақат бо роҳи дониш мешиносад ва фақат дар ҳамон ҳолат фикр метавонад ба ҳолати ҳастии предметҳо мувофиқат намояд. Аз рӯи талаботҳои дониш фикрҳо бояд доимо кушода ва фаҳмо бошанд. Дар ҳаёт, фаъолияти корӣ ва роҳбарӣ ягона сарчашмае, ки дастгири қабули қарори дурусти роҳбарӣ шуда метавонад, фикррониҳо бошанд, ки асосашро дониш ташкил мекунад.

Аз тарафи дигар фикрронӣ низ қисми асосии фаҳмиш ва дониш буда, ҳамчун воситаи асосии инкишофи онҳо баромад менамояд.

Бояд қайд кард, ки фикрроние, ки фақат дар асоси таҷриба сурат мегирад, дар дараҷаҳои ҳиссиёт ва дараҷаи фаҳмишҳо қарор дошта, на ҳама вақт воқеияти аслии ҳодисаҳо мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ