Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Гурӯҳи дигари мутахассисон эҳсосот, димоғ, хоҳиш, ғамхорӣ ва тасаввурро дар таъминоти талаботи истеъмолии одамон мебинанд. Одамон барои он чунин рафтор менамоянд, ки талаботҳои истеъмолии онҳо қонеъ намегарданд. Албатта ин дар ақидаи дар зинаҳои аввали инкишоф, шуурнокӣ ва фикрронӣ бошад. Дар зинаҳои болоии фикрронӣ ва шуурнокӣ ба фикри мо ин сабаби асосӣ буда наметавонад, чунки дар ин маврид, аллакай, талаботҳои иҷтимоию маданӣ мақоми аввалро мебозанд.
Бояд қайд кард, ки дар ин зина инсон аллакай бояд дигаронро дарк намояд ва барои дигаронро дарк намудан бояд фикр намоед. Хусусияти фаҳмиш дар мавҷуд будани сохторҳои фикрронии одамӣ, яъне иҷтимоӣ, фардӣ, гуммилавӣ ва муҳити ҷамъиятӣ, алоқаи зич дошта, дониши воқеии муносибатҳои инсониро пайдо месозад. Дар ҳақиқат, рафтор, гуфтор ва муносибати шахсе, ки бо боғбонӣ шуғл варзида, бештар дар танҳоӣ кору фаъолият дорад, аз шахсе ки тамоми умр бо одамон ҳамсуҳбат буда, кору фаъолият дорад, кулли фарқ мекунад.
Ҳақиқати ҳол дар зиндагӣ чунин мебошад:
а) ҳақиқатро ҳар як фард худаш дарк карда мефаҳмад ва барои донистан
саъю кӯшиш менамояд;
б) дигарон барои омӯхтани ин ҷараён шуморо роҳбарӣ мекунанд, яъне устоди Шумо мебошанд.
Бояд қайд кард, ки устоде Шуморо роҳбарӣ мекунад, бояд дорои фикрронии баланд ё худ қобилияти баланди зеҳнӣ буда, шуморо бовар кунонида тавонад. Очеркҳои таърихӣ гувоҳ мебошанд, ки аксар устодон ба шахсони қобилияти модарзодӣ ва илҳоқидошта як муддати кӯтоҳ сабақ медиҳанд ба чунин хулоса меоянд, ки дигар аз ӯҳдаи дарс додани шогирд намебароянд ва ӯро барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтари илм дуо медиҳанд. Ин мисолҳоро дар ҳаёти лашкаркаши машҳур Искандари Мақдунӣ, аз адибони форсу тоҷик Рӯдакӣ, Ҳофизу Саъдӣ ва Синою Хайём овардан мумкин аст.
Вобаста аз тарбия фикри одамон зина ва шаклҳои гуногунро мегирад.
Бинобар ин, дараҷа ва шаклҳои гуногуни фикррониро мо дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ мебинем. Дигар ин, ки вобаста ба хислати фаъолияти хеш инсон боз фикрронии махсусеро доро мешавад, ки онро метавон фикрронии касбӣ номид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо