Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар олам мо халқу миллат, қавлу қабилаҳои зиёдеро мебинем, ки хусусияти хосу фарқкунандаи фикрронии худро доро мебошанд ва гувоҳӣ месозад, ки бо ин қадар фаровонӣ ҳамоно нотакрору гуногунанд. Инчунин, урфу одати зиндагӣ, анъана, маданият, дину оин низ асоси ташаккули фикрронӣ мегардад, ки ҳақиқати таърихии рафтори ҷамъиятии одамон мебошад.

Бинобар ин олимони бахши фалсафа фикррониро ба се ҳудуд ҷудо мекунанд:

  1. Фикрронии мантиқию забонӣ.
  2. Фикрронии аёнию воқеӣ.
  3. Фикрронии тасаввурӣ.

Вобаста аз дараҷаи эҳсосоти одамон фикрронӣ ба шаш намуд ҷудо карда мешавад:

  1. Фикрронии муқаррарӣ — ин ҳолати муқаррарии ҷараёни фикрӣ буда, одамон вобаста аз дараҷаи инкишофи хос дар кадом соҳае, ки кор накунанд, хоҳ илм, санъат, муҳандисӣ ва косибӣ фикрронии муқаррарӣ касбӣ дошта, шаклу усули муносибатҳои худро доро мебошанд, яъне онҳо дар ҳолати мӯътадил қарор доранд. Барои меҳнати худ маош гирифта, ба онҳо касе халал намемерасонад ва аз кори хеш қаноатманд мебошанд.

  2. Ҳолати фикрронии норозӣгӣ. Вақте ки бо мову шумо мувофиқ меҳнатамон муносибати хуб намекунанд, ҳуқуқу вазифаҳо ва арзишҳои инсонӣ поймол карда мешавад, ҳар як шахс дар худ унсурҳои фикрронии норизогиро пайдо мекунанд ва ҳолати номувозинатии эҳсосотиро соҳиб гашта, ҳатто баъзе вақт худро назорат карда наметавонад. Бинобар ин, менеҷменти корхонаро зарур мебошад, ки ҳолати фикрронии кормандонро ба ин дараҷаи эҳсосотӣ наорад ва шароити мӯътадили иҷтимоию психологиро таъмин намуда, ҳуқуқҳои инсониро поймол нанамояд.

  3. Фикрронии концептуалӣ — ин фикрронии мантиқӣ мебошад, ки баъди гузаштани андак вақт аз ҳолати эҳсосот баромада, маротибаи дуюм ба ин ҳолат гирифтор нашуданро андеша карда, фаъолияти шахсони алоҳида, роҳбарон, ё худ қоидаю қонунҳои давлатиро муҳокима карда, фикри худро дар ҷамъомадҳо, маҷлисҳо ва тавассути дигар воситаҳои ахборӣ баён менамояд.

пешина
аз 522
навбатӣ