Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Масоили инкишофи ақлонии одамон солҳои охир барои аксари мамолики ҷаҳон яке аз масъалаҳои рӯзмарра гаштааст. Барои Тоҷикистон низ ин хеле муҳим мебошад.

Инкишофи ақлонии одамонро файласуфи бузург Суқрот ҳанӯз дар замони худ қайд карда буд, ки «Одамон на танҳо дар асоси он фаъолият менамоянд, ки онҳо кистанд, балки дар натиҷаи фаъолияташон кӣ будани худро муайян месозанд». Ҳатто худи ӯ дар охирин лаҳзаҳои умраш менависад, ки афсус, ман дарк кардам, ки ҳеҷ чиз нафаҳмида аз олам меравам.

Дар давоми ҳазорсолаҳои инкишофи башарӣ олимон оид ба муносибатҳои инсонӣ, санъати тарбия, рафтори инсонӣ асарҳои хеле зиёдеро, чӣ дар шакли таълимоти динӣ ва чӣ дар шакли таълимоти дунявӣ, ки имрӯз мақоми калон доранд, эҷод кардаанд. Вазифаи муҳим он аст, ки аз ин бойгонии азим дуруст ва самаранок истифода карда тавонем, яъне аз оила сар карда, боғча, мактаби миёнаю олӣ ва корхонаву ташкилот доимо дар инкишофу тарғибот ва кӯшиши тарбия саҳмгузор буданамон шарти зарурӣ мебошад.

Баъзе аз олимони соҳаи равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ менависанд, ки марказ, ё худ доираи фаҳмиши ақлонии одамон хеле амиқ буда, дар гирди худ якчанд қабатҳои муҳити берунаро доро мебошад. Ин қабатҳо ҳамчун як ниқоб барои фаҳмиши ҳақиқати психологӣ ва равонии одамон буда, намегузоранд, ки мо тез ба дили ин ё он шахс ҷой ёбем, ё ин ки сухани мо ба онҳо таъсири пурра расонад.

Баъзе одамоне дида мешаванд, ки дар муносибаташон ба атрофиён хеле кушодарӯй, дилсоф ва содда буда, дар вохӯрӣ бо шахсони алоҳида муносибати махсус зоҳир менамоянд. Ин гуна шахсон аслан одамони боақл буда, қобилияти аз муҳити носолим худро ҳимоя кардан доранд.

Гуногуншаклии инкишофи ақлонӣ ва дараҷаи он аксар маврид боиси якдигарнофаҳмиҳо, муноқиша ва рафторҳои эҳсосотӣ мегардад. Махсусан дар Тоҷикистон ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки дар вақти интихоби ҳамсари худ ҷавонон якдигарро надониста, бо ризогии падару модар, ё хешовандон бо ҳамдигар ақди никоҳ мебанданд. Дар натиҷа зиндагии оилавии он қадар дур давом накарда, аз якдигар ҷудо мешаванд.

пешина
аз 522
навбатӣ