Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳолату ҳодисаро шахсан дар шаклҳои гуногун мефаҳманд ва он аз якчанд нишонаҳои фардӣ, ки пештар мо қайд карда гузаштем, вобаста мебошад.

Фаҳмиши глобалӣ нисбатан пурра буда, танзимкунӣ ва системаи мураккабии тайёриро талаб менамояд.

Фаҳмиши тасаввурӣ фаҳмишест, ки ниқоби ин ё он ҳолат дар хотираи мо дарҷ карда шуда, дар баробари он баҳо дода мешавад.

Ҳолатҳои дигареро низ бояд қайд намоем, ки фаҳмиши таъмини талаботи дигарон шарти муҳими муносибатҳост, яъне ба касе хизмат намудан, ё ба боварии касе даромадан масъулият ва муносибати махсусро талаб мекунад.

Талабот ин шакли бунёдии фаъолияти рӯҳӣ ва қувваи асосии рафтори одамон буда, бо ҳам бархӯрдани талабот ҳолати аниқ, ҳастии воқеии мувофиқатро ба вуҷуд меорад.

Мувофиқати рафтор ба ҳолати воқеӣ ченак дорад:

  1. Ҳолати муқаррарӣ.
  2. Ҳолати аффект.
  3. Ҳолати рафтор.

Вақте ки тасаввури мо бо ҳолати воқеӣ зиддият дорад, мо дар ҳолати хеле ногувор монда, маҷбур мешавем, ки хоҳиши худро дигар созем, ё ки аз ҳақиқат рӯй гардонида, воқеиятро рӯйпуш намоем. Чунин рафтор ба рисолати роҳбарон хос нест ва бо ин тарзи рафтор оҳиста-оҳиста онҳо маҷбур мегарданд, ки вазифаи роҳбариро тарк гӯянд.

Яке аз унсурҳои таъмини талаботи одамон мотивасияи рафтор мебошад.
Мотивасияи рафтор дар доираи фаъолияти шахсони алоҳида дар асоси фикрронии шахсӣ ба вуҷуд меояд. Чунин як хислатҳо одамро маҷбур месозад, ки фаъолияти мақсадноки худро ба танзим дароварда, дониш, эҳсосот ва иродаан худро доимо ба он равона созад, ки худро аз ғамхӯрии беҳуда нигоҳ дошта, беақлона рафтор нанамояд.

Инсон чун дарк менамояд, ки мақсад субъективӣ буда, ҳамчун бавуҷудоварандаи талабот баромад мекунад, дар ӯ хоҳиш, ҳавасмандӣ пайдо мешавад, ки мақсадро иҷро намояд.

Ҳамин тариқ, талабот қувваи махсуси организми зинда буда, дар
алоқамандӣ бо олами беруна доираи ба худинкишоф, худнигоҳдорӣ ва системаи

пешина
аз 522
навбатӣ