Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Т.Б. Менеҷмент. Боби 36. Муносибат ва муҳити психологии роҳбарӣ
Дар ин муносибатҳои махсуси воқеӣ ва идеалии субъект нисбат ба объект мебошанд. Маҳз ҳамин муносибатҳо муносибатҳои иродавӣ номида мешаванд.
Давраи тайёрии қабули қарор ва ҳолати сабуктари он хоҳиш мебошад.
Давраи иҷроиши хоҳиш ҳар як шахс маҷбур аст, ки ӯро таҳлил карда, қувваҳо ва воситаҳои иҷрои онро ҳаматарафа омӯхта ба қарори қатъие биояд. Мо аллакай шуҳодина намудем, ки тамоми ҳаракатҳои иродавӣ пеш аз ҳама ба дараҷаи инкишофи шуурнокии одамон, шаклу тарз ва намуди фаъолият, инчунин вазифа ва мавқеи иҷтимоии шахсон дар ҷамъият вобаста мебошад, яъне ирода - ин нишондиҳандаи сифатии шахсиятҳо ба ҳисоб рафта, оинаи рафтори роҳбарон мебошад.
Рафтор - ин шакли фаъолияти инсоние мебошад, ки имконот ва мӯҳлати алоқаи онҳоро нисбат ба объекти беруна муайян сохта, яке аз роҳҳои муҳими таъмин намудани талаботи инсонӣ мегардад.
Ҳамаи ҳодисаҳо, албатта, дар натиҷаи рафтори касе, ё дигаршавии ҷисме ба вуҷуд меояд, ки хоҳиш ва заминаи он каме пештар пайдо мегардад. Рафторҳо дар табиат қонунҳои табиии худро доранд. Рафтори одамон низ қоида, меъёр ва қоидаҳои инсониро бояд доро бошад. Аз тарафи дигар рафтори одамон ҷараёни хеле мураккаб буда, асоси онро низ дараҷаи шууринокӣ ташкил медиҳад.
Рафтори одамон меъёрҳо ва қоидаҳои инсонӣ дар ҷомеа ва зиндагии пусусӣ буда, риояи онҳо омили танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад.
Аз тарафи дигар бояд хотирнишон намуд, ки дар ин ҷой низ мақоми баланд ва танзимкунандаро маданияти миллӣ мебошад ва ҳар фард аз рӯзи ба дунё омаданаш дар иҳотаи он мемонад. Инчунин, рафтор боз ба он вобаста мебошад, ки ҳар фард ин ё он ҳодиса ва ҳолатҳоро чӣ тавр қабул менамояд.
Системаи фаҳмиши мо се хусусияти асосӣ дорад:
- Интихобӣ.
- Глобалӣ.
- Тасаввурӣ.
Хусусияти интихобии ҳар шахс ба донишу фаҳмиши ӯ вобаста мебошад.
Бояд қайд кард, ки қобилияти интихобии инсон он қадар инкишоф наёфтааст,
ки мо ҳамаи дидаву шунидаро якуякбора қабул ва дарк карда тавонем. Ҳар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо