Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
37.1. Қоидаҳои асосӣ ва банақшагирии лоиҳаҳои
мақсаднок
Идоракунии лоиҳаҳо имкон медиҳанд, ки муаммоҳоро аниқ омӯхта, иҷрои онҳоро ба низом дароварда, сохтор ва моҳияти он муайян карда шаванд.
Бинобар ин, ба менеҷерон зарур аст, ки қоидаҳои асосии банақшагирӣ ва иҷрои онҳоро ҳаматарафа омӯхта, зери роҳбарии хеш қарор диҳанд.
Лоиҳаи мақсаднок гуфта, пайдарпай фаъолиятеро меноманд, ки барои ба даст овардани мақсади аниқ, натиҷаи самараноқ, дар доираи вақт ва маблағи муайян равона карда шудааст.
Лоиҳаи нави мақсаднокро менеҷер бояд ҳамчун як имконоти амалигардонии навоварӣ дар фаъолияти хеш истифода бубарад. Барои ин менеҷер фаъолияти хешро пурра ва ҳаматарафа таҳлил карда, бояд пешниҳод намояд, ки кадом масоилро ҳамчун лоиҳаи мақсаднок пешниҳод намудан мумкин аст. Лоиҳаҳо бояд мӯҳлати аниқ ва оғозу анҷоми муайянро дошта бошанд ва пайдарпай иҷро шудани кор ва самаранокии онро таъмин намоянд.
Талаботи дигари лоиҳаҳо ин аст, ки бояд хеле содда бошанд ва имкони зарурӣ иштироки мутахассисони касбиро таъмин карда тавонанд. Ҳатто менеҷерони касбӣ берун аз корашон иловагӣ иштирок намуда, буҷаи оилаи худро мустаҳкам намоянд, яъне ҳавасмандӣ низ бояд таъмин карда шаванд.
Аз дигар тараф, иштироки менеҷерон дар ин лоиҳаҳо метавонад қобилияту дониши касбии онҳоро баланд бардошта, табъашонро болида созад, зеро баъди кори якхелаи доимӣ эҳтимол дилгир шуда бошанд. Мисол, декани факулта баъди мӯҳлати 4-5 соли фаъолияти якмаром хеле монда мешавад, аммо, вақте ки дар баробари фаъолияти корӣ дар лоиҳаи махсуси навиштани китоби дарсӣ, курсҳои махсус ва такмили ихтисос иштирок менамояд, дониши касбиашро баланд бардошта, санъати кордониаш инкишоф меёбад ва ҳавасмандиаш низ бештар мешавад.
Шароити рақобати мураккаби бозор ва соҳибкорӣ талаб менамояд, ки
менеҷменти ҳар як ташкилот барои қонеъ гардонидани талаботҳои мизоҷони худ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо