Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

тамоми донишу фаҳмиш ва кордонии худро истифода барад, то онҳо аз ин ташкилот рӯй нагардонанд.

Идоракунии лоиҳаҳо имконият медиҳад, ки диққатҳо ба равандҳои асосии фаъолияти корӣ, иҷрои масоили зарурӣ равона сохта, кормандонро барои саривақт иҷро намудани супоришҳо мутобиқ намуда, ҳавасмандро ҳеҷе моҳирона истифода намоянд. Фаъолияти ташкилии кор дар шакли лоиҳаҳо агар аввал вақти зиёдтарро талаб намояд ҳам, дар оянда вақтро хеле самаранок истифода бурда, дараҷаи таваккалкориро кам мекунанд.

Нишонаҳои асосии лоиҳаҳои мақсаднок инҳо мебошанд:

  1. Мӯҳлатнокии лоиҳа. Дар ҳама лоиҳа вақти аниқи оғоз ва анҷоми корҳо оварда шуда номгӯи корҳо ва мақсадҳо бояд аниқу равшан бошанд.
  2. Нақшаи аниқи лоиҳа. Аслан барои ба мақсад расидан усули банақшагирии лоиҳаҳо истифода карда мешаванд. Дар нақша доир ба ҳар намуди кор буҷаи молиявӣ аниқ карда мешаванд.
  3. Ҷудо кардани захираҳои аниқ барои лоиҳа. Барои иҷрои самараноки лоиҳаҳо захираҳои вақт, воситаҳо ва одамон ҷудо карда мешаванд. Дар ин қисмат ду ҳолат бояд дар назар дошта шавад.
    ❖ ҳолате, ки лоиҳа дар доираи фаъолият ва захираҳои мавҷуда иҷро мешавад; ❖ ҳолате, ки иҷрои лоиҳа ҳатман захираҳои иловагӣ талаб менамояд.
  4. Фаъолияти даставӣ барои лоиҳаҳои мақсаднок асосан коллективи пуркуввати касбиро ҷудо менамоянд, ки дар он ҳама бояд кордону донишманди касбӣ бошанд ва аз ӯҳдаи кори худ баромада тавонанд.
    Асосан интихоби аъзоёни даста дар асоси имтиҳони тестии касбӣ сурат гирифта, беҳтаринҳо интихоб мегарданд.

Баъди интихоби ҳайати даста, мақом ва вазифаҳои ҳар яки онҳо аниқ карда мешавад. Мақсади дастаро ба монанди мақсади командии футбол дар майдони бозӣ тасаввур кардан мумкин аст, ки ҳар яке ҷой ва вазифаи худро дорад ва мақсади асосӣ, бозиро бурдан аст. Дар ин ҷо низ ҳамин қоида пурра истифода карда мешавад, вале менеҷери лоиҳа барои иҷрои он пурра ҷавобгӯй буда, вазифаи хеле мушкилро ба ӯҳда дорад.

Якум ташкили коммуникатсияи фаъол байни иштироккунандагон ва муҳити равонию корӣ дар даста аст. Менеҷер бояд бовар дошта бошад, ки ядрои асосии лоиҳа одамон мебошанд ва онҳоро қадрдонӣ бояд кард.

Масъалаи дуюм тартиб додани мақсад ва нақшаи аниқи дар ҳама ҳолатҳо мувофиқ барои ҳар як фаъолият мебошад. Агар зарурати ворид кардани тағйирот ва илова, ё дигаргунӣ пайдо шавад, бояд он қаблан дар назар гирифта шавад.
Менеҷер ҳолатҳои пайдошавандаро бояд пешакӣ тахминан бидонад, яъне ӯ бояд ба дигаргуншавӣ тайёр бошад.

Масъалаи сеюм ба иштироккунандагон вазифа, мақсаду моҳияти лоиҳаро фаҳмонда додан аст. Агар дар вақти фаҳмондадиҳӣ ягон пешниҳод ва таклифҳо пайдо шаванд, ба инобат гирифта, ҳаматарафа омӯхта, зарур бошад, илова кардан мумкин аст.

Бурди лоиҳа аз мақсадгузории аниқу дуруст хеле вобастагии калон дорад.
Тайд кардан зарур аст, ки ин мақсадҳо бояд қисми таркибии мақсадҳои ташкилот бошанд ва бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор муҳокима ва мувофиқа карда шаванд. Махсусан ҳавасманд кардан ва истифода кардани қобилияти баланди касбии одамоне, ки тақдири лоиҳа ба онҳо вобаста аст, вазифаи доимии менеҷер ба ҳисоб меравад.

Масъалаи чорум ин ташкили шароити дурусти корӣ ва амалигардонии лоиҳаҳо мебошад. Барои ташкили дурусти кор банақшагирӣ мақоми калон мебошад. Банақшагирии самаранок имкон медиҳад, ки доир ба ҳар як амалиёт пешакӣ захираҳо, ашё, материалҳо ва буҷа аниқ карда, таъмини саривақтии фаъолият ташкил карда шавад. Ҳамаи он ҳуҷҷатҳое, ки тартиб дода мешаванд асоси роҳбарии лоиҳаи мақсаднок мебошанд, аммо роҳбари лоиҳа бояд доимо вобаста ба ҳолатҳо тайёр бошад, ки нақшаро тағйир диҳад. Ин чунин маъно дорад, ки менеҷер доимо имкон дорад, ки нақшаро тағйир дода илова ва тағйирот ворид созад. Барои саривақт дар кардани ин ё он норасоӣ ё тағйирот даровардан ба нақша мо бояд давраҳои онро аниқ намоем.

Вобаста ба ин фаъолияти ҳар як лоиҳаи мақсаднокро ба панҷ давра ҷудо кардан лозим аст:

  1. Масъалагузорӣ.
  2. Банақшагирӣ.
пешина
аз 522
навбатӣ