Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

таҷрибан гузашта муқоиса намуда, дуруст ба нақша гирифтани вақтро аниқ мекунад.

Инкишофи ташкилот аз иҷроиши лоиҳа вобастагӣ дорад. Ҳар қадар ки лоиҳаҳо дурусту саривақтӣ иҷро бигарданд, ҳамон қадар ташкилот ба муваффақиятҳо ноил мегардад.

Мисол, агар дар лоиҳа зарурати мизоҷони пешинаро ҷалб намудан ба миён ояд, иҷрои ин масъала аллакай пешравии калони ташкилот ба ҳисоб меравад. Ё масади лоиҳа ду баробар зиёд кардани ҳаҷми фурӯши моли ташкилот бошад ва ба ин рӯ овард, ин муваффақияти хеле бузург мебошад. Албатта, на ҳама вақт лоиҳаҳои мақсаднок пурра иҷро мегарданд, яъне як қатор омилҳое вуҷуд доранд, ки муқобили пешравианд, ё рақибон, монополистон, ҳукуматдорон, байнсаҳатмадорон ва дигар қувваҳое пайдо мегарданд, ки боиси иҷро нагаштани лоиҳа мешаванд. Аз мавҷудияти чунин омилҳо саривақт огоҳ шуда, онҳоро аз байн бурдан, ё худ шиддатнокиашонро паст намудан лозим аст. Барои ин бояд ҳар як қувваро баҳо дода, онро пурра ва ҳаматарафа таҳлил намудан зарур мебошад.

Маълум аст, ки дар як ташкилот якчанд лоиҳа якбора амал менамоянд.
Менеҷерро зарур аст, ки маҳорат нишон дода, лоиҳаҳои бартариятдоштаро муайян карда тавонад.

Барои бехато муайян кардани равандҳои бартариятноки лоиҳаҳо, барои машварат ва ёрии шахсиятҳои донишмандро даъват карда, маслаҳат пурсидан аз манфиат холӣ нест. Дар тақсимоти захираҳои ташкилот бояд қоидаи бартаринокии лоиҳаҳо истифода карда шаванд. Барои он ки дар истифодаи захира бенизомӣ ва норизогӣ пайдо нагардад, реҷаи иҷрои корҳо ва истифодаи захираҳоро тартиб дода, дар маҷлиси кормандон тасдиқ бояд кард.

Ҳамин тариқ, нақшаи самаранок ҳамчун харитаи роҳ, аз аввал то охир дорои тамоми нишоною аломатҳо буда, бояд нишон диҳад, ки чӣ, кай ва чӣ хел ва бо кадом арзиш иҷро карда шаванд. Барои ба чунин талаботҳо ҷавоб додан нақшаи лоиҳаҳо бояд ҳаматарафа ва аниқу донишмадона тартиб дода шаванд, яъне роҳбари лоиҳа бояд аниқу пурра дарк намояд, ки лоиҳа барои чӣ равона карда шудааст. Дар нақша бояд ягон нуқтаи номуайянӣ вуҷуд надошта бошад.
Нақшаро ба дигар сохторҳои ташкилот шинос намуда, мақсади асосиро

пешина
аз 522
навбатӣ