Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷамъбаст ва якҷоя бо аъзоёни даста шакли пурраи лоиҳаро таҳрезӣ намоед. Ҳар як аъзои даста пурра дар қоғаз нависанд, ки онҳо аз лоиҳа кадом беҳбудиро интизоранд ва чӣ нишонагирӣ доранд. Маҳз дар ҳамин ҷо метавонед қобилияти эҷодкориҳои худ ва дигаронро истифода намоед. Бояд худатон бовар кунед, ки лоиҳа дар ҳақиқат арзиш дорад ва дигаронро низ ба он бовар кунонед ва барои амалӣ гаштани ин арзишҳо мақсадҳои аниқ гузоред, ки дар баҳодиҳӣ ба лоиҳа истифода намоед. Мақсадҳоро низ ба шахсони иштироккунанда мувофиқат намуда, онҳоро ба оқилона будани мақсадҳо бовар кунонед. Барои он, ки мақсадгузории Шумо хуб баҳо дода шаванд, рӯйхати мақсадҳоро пайдарпай навишта, ба ҳар як мақсад аз рӯи шкалаи 10 - балла баҳо диҳед. Ин баҳогузории моҳияти баланд ё паст доштани мақсадҳоро муайян мекунад. Баъд аз он моҳияти банақшагирии мақсадҳоро муайян созед. Мисол, зиёд кардани фурӯши мол ба 50%, ё ки беҳтар кардани хизматрасонӣ аз рӯи миқдори мизоҷон то лоиҳа ва баъди иҷрои лоиҳа баҳо додан мебошад.

Бояд дар хотир дошт, ки аз мақсадҳои моҳияти пастдошта, даст бикашед. Инчунин ба инобат гиред, ки ҳар як лоиҳа ба маҳдудияти молиявӣ ва вақт дучор мегарданд ва вобаста аз ин лоиҳаҳо иҷро намегарданд, ё ба мӯҳлати дигар гузаронида мешаванд. Агар нақшаи хуби воқеӣ тартиб дода бошем, бисёр маҳдудиятҳоро метавонем саривақт бартараф созем.

Дигар муаммо он аст, ки мо набояд тағйиротро фақат барои тағйирот дохил сохта, он дигар тарафҳои масоилро андеша накунем. Баъзе масъалаҳое, ки дар ними роҳ пайдо мегарданду дар навбати аввал бояд иҷро карда шаванд, набояд кори нақшавии Шуморо дигар кунанд. Ҳар замон тағйирот даровардан ба лоиҳа ҳолати ногуворро оварда, метавонад ба мазмуни лоиҳа зарар ворид созад. Албатта ҳама корро яку якбора иҷро кардан ғайриимкон буда, оқибат ба бемазмун шудани лоиҳа оварда мерасонанд. Дар олами соҳибкории имрӯза, ки ба гуфтаи соҳибкори машҳури асри XXI Билл Гейтс «Соҳибкории суръатнок» номида шудааст, барои ҳар як лоиҳа вақти муайяне ҷудо мекунад. Агар иҷрои лоиҳа 1 сол қафо монад, баробари 10 соли инкишофи солҳои 80-90-уми асри ХХ мебошад, яъне истифодаи суръати вақт 10 баробар зиёд гаштааст, ки ҳатто асаби мо барои коркарди чунин суръати баланди ахбор имкон надорад. Аз ин сабаб мо доимо қафо мемонем ва захираҳои вақт барои мо маҳдуд мебошанд.

пешина
аз 522
навбатӣ