Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шаванд, то ки бе қонунвайронкунӣ ба иҷрои мақсадҳои хеш бирасед ва барои ин метавонед аз сарчашмаи молиягузории дигарон низ истифода намоед.

Пеш аз оғози амалии лоиҳаи нав, бартарии онро исбот карда, бовар кунонед, ки аз амалӣ гаштани ин лоиҳа муваффақият ба даст дароварда мешавад. Чунин як ҷараён баҳодиҳии лоиҳаи сармоягузорӣ низ номида мешавад.

Агар хароҷотҳо нисбати даромади мегирифташуда баробар ё зиёд бошад, метавонед аз ин лоиҳа даст кашед, ё чорабиниҳое пешниҳод кунед, ки онҳо хароҷотҳоро кам кунанд. Ҳолати корӣ хеле мураккаб буда, доимо қарорҳои иловагӣ қабул карданро талаб менамояд. Бинобар ин, пешакӣ бояд реҷаи тадриҷии иҷроиши корҳо ба нақша гирифта шавад. Ҳар як шахси масъул аз мӯҳлати оғозу анҷоми он бояд бохабар бошад. Дар ин қисм барои менеҷер аниқ муайян намудани вақт барои иҷрои кор зарур мебошад. Реҷаи иҷрои корҳо ҳамчунин имкон медиҳанд, ки роҳҳои ҳар чӣ тез ба анҷом расонидани онҳоро ёфта гирем ва ба бекорхобии механизмҳову захираҳо роҳ надиҳем.

Бояд дар хотир дошт, ки аъзоёни даста ӯҳдадор нестанд, ки ҳар рӯз кор кунанд. Аслан дар аксар ташкилотҳо 240-270 рӯзи корӣ дар як сол ба як корманд ба нақша гирифта мешавад.

Давраи охирин ин баҳодиҳии нақша мебошад. Баъди ҳамаи давраҳои тайёриро гузаштан реҷаҳоро муайян сохта, барои баҳодиҳӣ ва тасдиқ ба муҳокимаи коллектив ва мутахассисони варзида пешниҳод месозем ва дар ин марҳилаи муҳим онҳоро ба ҳалли масъала бояд ба таври ҷиддӣ мутаваҷҷеҳ созед. Барои ин бояд пурра ба саволҳо ҷавоб додан омода бошед ва ҳар як нуқтаи лоиҳаро аз ҳама иштироккунандагон хубтару пурратар донед. Дар вақти муҳокима агар эҳсос намоед, ки касе аз аъзоёни даста хоҳиши дар лоиҳа иштирок кардан надорад, ё барои иҷроимаш халал расонад, лоиҳаро метавонед ба қафо партоед, ё кӯшиш намоед саривақт ӯро бо дигаре иваз намоед.

Ҳамин тариқ, бо назардошти иловаю пешниҳодҳо лоиҳа тасдиқ карда мешавад ва ба иҷроиши бевоситаи он аз рӯзи муайянкардашуда шурӯъ мекунад.

пешина
аз 522
навбатӣ