Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд қайд кард, ки варианти дигари ба хато роҳ надодан, барои аксари лоиҳаҳо ҷорӣ намудани «лоиҳаи пилотӣ», ё худ «лоиҳаи қаблӣ» мебошад, ки пас аз татбиқи самараноки онро густариш додан мумкин аст, махсусан дар ҳолате, ки мехоҳед ягон чизи нав ҷорӣ намоед. Барои чунин лоиҳаҳо миқдори ками кормандон ҷалб карда шуда, барои кори хурд, ё як қисми муайяни лоиҳаи калон таҷриба гузаронида мешаванд. Ҳангоме ки нақшаи лоиҳаи пилотиро истифода менамоед, аллакай, дар оянда аз хатоҳо ва маҳдудиятҳо озод шуда, лоиҳаи асосиро ба кор меандозед.

Вақте ки иштироккунандагони лоиҳаи пилотиро интихоб менамоед, дар назар дошта бошед, ки онҳо ҳамчун «заргушаҳои озмоишӣ» бояд тибқи нақшаи Шумо амал кунанд. Баъди анҷоми лоиҳаи пилотӣ иштироккунандагонро ҳавасманд гардонед.

Албатта, барои ҳамаи он корҳое, ки ном бурдем хароҷотҳои муайяне зарур мебошад. Менеҷер бояд доимо барои хароҷотҳо ва сарчашмаи онҳо баҳои нақши худро дошта бошад.

Маълум аст, ки дар тамоми лоиҳаҳо аслан панҷ намуди захираҳои иқтисодӣ зарур мебошанд:

  1. Захираҳои одамон.
  2. Захираҳои табиӣ.
  3. Захираҳои молиявӣ.
  4. Захираҳои вақт.
  5. Захираҳои ахборӣ.

Оид ба ҳар як намуди захираҳо ҳам нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва ҳам нишондиҳандаҳои сифатиро кор карда бароед. Махсусан оид ба захираҳои одамон ва ахбор бояд хеле ҷиддӣ ва ҳаматарафа тайёрӣ бояд бубинед. Яке аз элементи дигари муваффақияти кор пайдо кардани бинои хуб, таҷҳизот ва материалҳо мебошанд. Банақшагирии буҷавӣ низ хеле нозук буда, мо бояд аниқ бовар намоем, ки маблағи мавҷуда имкон медиҳад, ки нақшаҳо амалӣ гарданд.

Дар сурати маҳдуд будани захираҳо, варианти дуюми дарёфти онро бояд андеша намоем.

Қадами хеле муҳими банақшагирӣ ин ҳуҷҷатикунонии онҳо мебошанд.
Вобаста ба ҳар як намуди захираҳо ва иҷрокунанда бояд ҳуҷҷатҳо омода

пешина
аз 522
навбатӣ