Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Талаботи дигар он аст, ки чӣ гуна масъалаҳо дар маҷлис баррасӣ мешаванд, яъне пешакӣ бояд аниқ намоем, ки кадом масъала ва чӣ тарз дар маҷлис баррасӣ шавад, ки ҳаллу фасли худро ёбад.

Гузаронидани маҷлис талаботҳои зеринро дорад.

  1. Хуб мешуд агар рӯзномаи маҷлисро дар асоси ҳисоботҳо оид ба инкишоф тартиб медодед.

  2. Киҳо бояд ҳатман иштирок намоянд

  3. Рӯзномаи маҷлисро пешакӣ ба иштироккунандагон расонед.

  4. Тартиби мустаҳкам ва қоидаи гузаронидани маҷлисро пешакӣ аниқ созед.

  5. Риоя кардани регламенти маҷлис, баромадкунандаҳо ва музокирачиён.

  6. Мақсадгузории дуруст ва ёфтани роҳи ҳалли он

  7. Натиҷагирӣ ва хулосаҳои маҷлис.

Бояд қайд кард, доимо ҳаракат намоед, ки маҷлисҳоро бо натиҷаҳои хуб ба анҷом расонида, мардумро бо табъи хуш гусел намоед. Тарзи дигари ҳалли масоил ин бевосита дар ҷои ҳодиса, ё худ дар вақти пайдоиши масоил қабул намудани қарори хуби идоракунӣ ва ҳалли он мебошад, яъне вазифаи аввалиндараҷаи роҳбари лоиҳа ҳар чӣ барвақттар муайян кардани хатар мебошад, то ки онҳо ба ҳолати кризисӣ мубаддал нагарданд, чунки масоил ҳаҷми калонро фаро гирифта, ҳалли он бисёр мушкил мегардад. Инчунин дастаи боқувват пешакӣ муайян мекунад, ки кадом тарафи фаъолиятро бояд мустаҳкам намуд, то ин ки масоил пайдо нагарданд.

Масоилро ҳал намудан чунин талаботҳоро дорад:
❖ ахбори аъзоёни дастаро гӯш кунед; ❖ ба куҷо оварда расонидани масоилро таҳлил карда бароед; ❖ вариантҳои гуногуни ҳалли онро фикр кунед; ❖ масъаларо муҳокима карда, қарори ҷамъбастиатонро оид ба ҳалли масоил бароед; ❖ нақшаи наватонро асоснок намуда, дар сурати пайдо гаштани тағйирот онро илова намоед; ❖ нақшаи навро бо танзимгари лоиҳа равона созед.

Ҳалли мушкилиро аслан менеҷерони таҷрибадор ба панҷ омил вобаста медонанд:

пешина
аз 522
навбатӣ