Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Хислати кормандон.

  2. Маҳсулоти истеҳсолӣ, ё худ ҷараёни корӣ.

  3. Таъминоти истеҳсолот.

  4. Ахбори зарурӣ.

  5. Вақт.

Доимо ҳаракат намоед, ки сарчашмаи масъаларо аниқ намуда, камбудиро ислоҳ намоед, то ки ин ҳодисаҳо дигар рух надиҳанд. Илова ва тағйиротҳо қариб дар ҳамаи лоиҳаҳо ба миён меоянд, яъне шояд касе аз аъзоёни даста бемор мегардад, ё худ ба дигар сабаб аз даста меравад, инчунин боз якчанд сабабҳои дигар пайдо мегардад, ки боиси тағйироту илова дар лоиҳа мегардад. Дар навбати худ бартариҳои тағйиротро низ ба аъзоёни даста фаҳмонда диҳед ва дастгирии онҳоро низ қайд кунед.

Пайдоиши иловаю тағйиротҳо ба ду омил вобаста мебошад:

  1. Омили дохила.

  2. Омили беруна.

Омили дохила - ин ҳамаи он тартибот ва ҳолатҳое, ки дар боло гуфта гузаштем, яъне вобаста аз хоҳиш ва даркатон оид ба ин ё он масъала ва тағйирёбӣ, ки ба Шумо ва муҳити дохилаи ташкилот алоқаманд аст.

Омили беруна - ин аз Шумо хеле кам вобаста буда, беихтиёр таъсирашро ба фаъолияти ташкилот мерасонад.

Инҳо ҳолатҳои сиёсӣ, табиӣ, иқтисодӣ, демографӣ ва технологӣ мебошанд. Ҳар яке аз ин омилҳо метавонанд сади роҳи иҷрои лоиҳа гарданд, ё баръакс боиси беҳтар шудани кор гарданд. Вазифаи менеҷер - пешвои лоиҳа аз он иборат мебошад, ки таъсири омилҳоро пурра таҳлил карда пешгӯӣ карда тавонад, то ки фаъолияташ самаранок бигардад.

Дар санъати менеҷмент чунин роҳ, ё худ усули самараноки ҷорӣ намудани тағйиротҳо пешниҳод карда мешаванд:

  1. Якҷоя бо даста таъсир расонидан ба тағйирот ва иловаҳо.

  2. Агар тағйирот таъсири манфӣ расонад варианти хубашро ёфта гиред.

  3. Тағйироти заруриро дар нақшаи аввала низ дохил намоед.

  4. Нақшаи нави кормандонро бо иловаю тағйиротҳо тасдиқ намоед.

  5. Аз тағйиротҳо ба аъзоёни даста хабар расонед.

пешина
аз 522
навбатӣ