Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ноил мегарданд. Онҳо ҳамеша фаъолияти худро ба нақша мегиранд ва муваффақиятро пешбинӣ мекунанд. Масалан, барои он ки соати 8:00 дар ҷои кор бошанд, онҳо соати 6:00 аз хоб хеста, варзиши бадан намуда, оббозӣ карда, нонушта намуда, баъдан ба кор мераванд.
Аммо шахсоне, ки усули худмаҷбурсозиро надоранд ва барои соати 8:00 ба кор рафтан соати 7:00 ё 7:20 аз хоб хеста бе варзиши бадан, бе хӯроки хуби субҳ саросема ба кор мераванд, ки дар натиҷа, тамоми рӯз асабонӣ шуда, на танҳо самраи кори хеш, балки дигаронро низ паст намуда, муҳити носолимро барпо месозанд. Махсусан, агар ин шахс роҳбар бошад, як муҳити носолими роҳбарӣ пайдо шуда, шахсони хирадманду донишманд ин гуна ташкилотро тарк мегӯянд.
Ҳамин тариқ, усули худмаҷбурсозӣ дар инкишофи одамон мавқеи калон дошта, оҳиста-оҳиста ба хислати хоси ӯ мубаддал шуда, дар иҷрои кор ва фаъолиятҳо мушкилӣ намекашад.
Усули таҳлил дар рафтори ҳар як шахс хеле мураккаб буда, меҳнатталаб ва дониши чуқурро талаб мекунад. Яъне назорат кардан аз болои рафтори хеш, диққат додан ба рафтори дигарон, баҳо додани он ва таҳлил намудан, воситаи муҳими худтарбиякунӣ буда, имкон медиҳад, ки захираи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва зеҳнии худро баҳо дода, аз худтаърифкунӣ, ҳавобаландии хеш даст кашем. Бо гузаштани сину сол шахсоне, ки ин усулро истифода мекунанд, худро аз аксари рафтори ношоиста эмин медоранд.
Олами атроф доимо дар таъсиррасонӣ ба мо вуҷуд дорад ва ҳар замон мо бо воситаи чашм, гӯш, ҳиссиёт, табъ ва истеъмол таъсири оламро дарк намуда, худро бояд ба он мутобиқ гардонем, системаи унсурҳое дар худ пайдо созем, ки моро аз олами берунаи нолозим муҳофизат карда тавонад.
Ин усули худтарбиякуниро усули ҳимояи панҷаравӣ меноманд.
Усули ҳимояи худро ҳар як шахс бо роҳи фардӣ аз худ менамояд. Азхудкунии ин усул бо роҳи машқи пайвастан аз як фикр ба фикри дигар гузаштан, ё ин ки сухани одамонро гӯш карда, ба дил нагирифтан, инчунин аз Худованд дастгирию мадад талаб кардан амалӣ мегардад.
Ҳар як шахс дар зиндагӣ пастию баландиҳои зиёдеро аз сар мегузаронад, ба монанди марги бемаҳали шахсони наздики худ, падару модар, ё худ бародару хоҳар, ё фарзанд ба ҳолат ва рафтори Шумо таъсири манфии зиёде мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё