Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ҳолатҳо агар шахс чӣ аз нигоҳи динӣ ва чӣ аз нигоҳи дунявӣ дониши мустаҳкам надошта бошад, тоб наоварда, худро аз даст медиҳад, яъне агар шахс дар ҳақиқат Худобовар буда, ба дину оин эътиқоди калон дошта бошад, бо роҳи намоз хондан, дили худро тассалӣ дода, аз ғам озод мегардонад. Дар баробари ин шахсоне боз пайдо мешаванд, ки ба фолбину ситорашиносону табибони халқӣ муроҷиат мекунанд, ки ин ҳам як усули ҳимояи хеш аз вазнинии зиндагӣ мебошад.

Герметизм (алхимия, астрология, каббала), ҳамчун анъанаи дониши қадима аз Суқрот, Афлотун, Пифагор, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва дигарон бармеоянд, ки то имрӯз мо аз дастовардҳои ин дониш самараноқ истифода мебарем.

Аслан равоншиносон менависанд, ки панҷ қоидае мавҷуд аст, ки одамон бояд худро ҳимоя карда тавонанд:

  1. Шумо чӣ мақсад доред?, яъне мақсадгузории дуруст.
  2. Боварии пурра ба худ доштан, ки мақсад иҷро мегардад.
  3. Аз имкониятҳои захиравии худ истифода бурдан.
  4. Бурдбориҳо боз дар пеш мавҷуданд ва бо гузашти вақте ба Шумо бармегарданд.
  5. Ҳамаи муваффақиятҳо ба худи шахс вобаста мебошанд.

Чунин як қоидаҳо бояд ҳар лаҳза дар фикру назари Шумо бошанд ва бо такрору такрор оид ба онҳо андешаронӣ намоед. Оид ба истифодаи ин қоидаҳо як қатор асарҳои илмӣ ва китобҳо чоп шудаанд, ки Шумо метавонед аз онҳо истифода намоед.

Олимони тамоми дунё имрӯзҳо сирри илми қадимаро омӯхта ба хусусиятҳои хоси илми Эрон ва Чини қадим, Ҳиндустону Тибет, Юнон ва Миср диққати махсус дода, унсурҳоеро пайдо карда истодаанд, ки ба ақли одамӣ ҳатто рост намеоянд.

Омӯзиши фалсафию динии қадимаи асрҳои XII-VII то солшумории мо гувоҳӣ медиҳад, ки инсон чӣ хел қобилияти баланди истифодаи ақлу ҷисми худ дошта, метавонад онро ба санъати баланд истифода намояд, ки ин қобилият ба ақли мардуми оддӣ хос намебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ