Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

талаботи кормандонро қаноатманд менамояд, аз рафтори ояндаи онҳо вобаста мебошад:

  1. Оё мукофотро кормандон пазируфтаанд?
  2. Оё мукофотҳо боадолатона тақсим шудаанд?
  3. Оё мукофотҳо саривақт ва бо розигии роҳбарият дода шудааст?
  4. Оё мукофот дар ҳақиқат барои натиҷаҳои беҳтарини ҳар як фард ё ба ҳама баробар ва мувофиқ дода шудааст?
  5. Кадом талаботи мукофотгириро кормандон интизор буданд?

Аз ин панҷ намуди талаботҳо бармеояд, ки дар асл ҳолатҳое пеш меоянд, ки новобаста аз гирифтани мукофот қисме аз кормандон норизо мемонанд. Аин ҷо бармеояд, ки ба ин панҷ савол ҷавоби аниқу ҳаматарафаро фикр накарда будаед.

Менеҷер — пешворо зарур аст, ки ҷанбаҳои илмии талаботҳои одамонро омӯзад ва қонеъ гардонад. Назарияи талаботҳо аз рӯи аҳроми Абрам Маслоу хеле хуб нишон дода шудааст. Олими дигар Клей Алдерфер модели оддии талаботҳо, яъне:

  1. Мавҷудият.
  2. Мансубият.
  3. Инкишоф (афзоиш)-ро пешниҳод намудааст.

Баъзе мутахассисони дигар талаботҳоро новобаста аз инкишоф ба се ва чор гурӯҳ ҷудо менамоянд:

  1. Дастовардҳо.
  2. Алоқамандӣ.
  3. Ҳокимиятдорӣ.

Ин гурӯҳи олимон талаботҳоро ҳамчун натиҷаи дастовардҳои инсонӣ баҳо дода, сабабҳои фаъолшавии онҳоро аз таъсири омили беруна медонанд. Яъне ҳар қадар ки инсон имкони талаботи худро қонеъ гардонидан дошта бошад, ҳамон қадар талабот меафзояд.

Талабот ба дастовардҳо, ки мо дар амалигардонии лоиҳаҳо ва қаноатмандӣ гуфта гузаштем, ҳамчун талаботи «рафторе баҳо дода мешаванд, ки барои нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ равона карда шудааст». Шахсе, ки ин талаботро дорост, доимо чунин ҳаракатҳоро дорад:

пешина
аз 522
навбатӣ