Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Доимо барои мақсадгузории мушкил майл доштан.

  2. Ҳаракати масъулияти меҳнатиро ба дӯши худ гирифтан.

  3. Диққатпо барои ҳалли масъалаи аниқ додан.

  4. Талабот ба баҳодиҳии меҳнати ҳалоли хеш доштан.

Талабот ба ҳокимиятдорӣ бошад, ин хоҳиши таъсир расонидан ба дигар одамон ва назорати муҳити хеш аст. Ин талабот дар шахсиятҳо ҳамон вақт пайдо мегардад, ки онҳо нисбат ба атрофиён дида, донишу қобилият ва имконоти худро дар роҳбарӣ кардан бештар ҳис менамоянд. Ин талаботро низ ду хел баҳо додан мумкин аст:

  1. Шахсоне, ки аз ҳад зиёд хоҳиши ҳокимиятдории шахсӣ доранд ва мехоҳанд онро бевосита барои қонеъ гардонидани талаботҳои худашон истифода кунанд.

  2. Шахсоне, ки ҳокимиятдориро ҳамчун натиҷаи самараноки меҳнатии худ баҳо дода, мехоҳанд онро бо мақсади танзими фаъолияти ташкилот ва гурӯҳи одамон истифода баранд.

Яъне баъд аз он, ки лоиҳаи мақсадноки дарозмуддат ба охир мерасад ва кормандон худро хуб нишон медиҳанд, онҳоро менеҷер бояд ба вазифаи баландтар пешбарӣ ва ё таъин намояд.

Масоили хеле нозук ва натиҷадоре, ки ҳам ба иззати пешво ва ҳам ба кори ояндаи ташкилот метавонад таъсир расонад ин «Адолатпарастӣ дар тақсимоти мукофотҳо» мебошанд. Мукофот мазмуни худро тамоман гум мекунад агар корманд гӯяд, ки он беадолотона тақсим шудааст. Мафҳуми адолатпарастӣ аз нигоҳи кормандон дурустии тақсимоти мукофот ва ҳаққи заҳмат мебошад. Ин нишондиҳандаҳоро онҳо аз рӯи он баҳо медиҳанд, ки ҳар яке чӣ андоза меҳнат карданд ва бар ивази меҳнат чӣ гирифтанд. Дар ин ҷо гуфтан ҷоиз аст, ки мукофотҳо дар шакли музди меҳнати иловагӣ, вазифаи баланд гирифтан, мукофоти пулӣ, имтиёзҳои иловагӣ, хона ва дигар воситаҳои моддию маънавӣ муқаррар мешавад. Кормандон мукофоти ба ивази меҳнаташон гирифтаро бо мукофоте, ки ба ҳамкори ӯ ки хеле кам меҳнат карда дар амалигардонии лоиҳа ҳиссаи хурде дорад, додаанд, муқоиса менамоянд ва хулосаи хешро мебарорад. Чунин як муқоиса асоси адолатпарастӣ, ё беадолатии Шумо мегардад.

пешина
аз 522
навбатӣ