Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
гузаштани синну сол, вақт донишҳои онҳо кӯҳна мешаванд, вале онҳо дигар қобилияти азхудкунии дониши навро надоранд.
Аслан ширкатҳо ду роҳи асосии ҳалли масъаларо пеш гирифтаанд.
- Пурра автоматикунонии ҷараёни истеҳсолӣ ва минимизатсияи қувваи корӣ.
- Пурра компютерикунонии давраҳои истеҳсолӣ бо ёрии барномаҳои махсусе, ки ҳар як мутахассис дар ҷои кории худ бепустагӣ истифода карда метавонад.
Ин ду ҳолати навин, ки имрӯзҳо ширкатҳои калонтарини дунё истифода мебаранд, аллакай корманди оддиро низ вазифадор намудааст, то қобилияти фикрронӣ ва хулосабарорӣ дошта бошад. Чунончӣ ҳангоми дар лентаи истеҳсолӣ пайдо гаштани моли нуқсондор, барномаи компютерӣ аллакай муайян мекунад, ки дар мол нуқсон мавҷуд аст. Оператор ҳамон замон ин нуқсонро бо воситаи барномаи компютерӣ, яъне фақат бо зер кардани мушаки компьютер ёфта гирифта, дар ҷояш ислоҳ мекунад ва агар имкони ислоҳ набошад ин молро аз фурӯш гирифта, боз қафо мегардонад. Дар ин зина аллакай миқдори кормандони иловагӣ, аз қабили усто, нозир, муҳандис, барномасоз, танзимгар ихтисор шуда, ҳайати онҳо то 40-50% кам мешаванд.
Хулоса, санъати стратегии менеҷмент чунин талабот мегузорад, ки дар оянда бояд дигар корманди нодон, бесавод ва танбалу бекор вуҷуд надошта бошаду кормандон касбу вазифаи худро бо санъати воло иҷро намоянд.
37.4. Таҳлили ҳолатҳо ва санъати амалигардонии
стратегияи ташкилот
Коркарди стратегияи дурусти соҳибкорӣ фақат дар асоси таҳлилҳои ҳаматарафаи дохила ва беруна, инчунин имконотҳои инкишофи ояндаи илму техника сурат мегиранд. Маҳз омӯзиши омилҳои макроиқтисодии беруна хеле мураккаб буда, барои он дониши баланди касбӣ ва ҷаҳонбинии васеъ лозим мебошад, яъне таҳлили омилҳои иқтисодӣ, технологӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва демографӣ, ки ба соҳибкориатон таъсир мерасонанд, метавонанд нақшаи стратегиятонро тағйир диҳанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо