Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ҳисоб бурди зиёде ҳам карданд. Ҳол он ки дар ҳамон давра дигар ширкатҳои калони амрикой, олмонӣ мӯҳлати навоварӣ ва фикрронии стратегиашон 5-6 сол буда, қариб ду маротиба аз ҷопонҳо қафо монда буданд.
Дар шароити имрӯза бошад, қариб аксари компанияҳои калонтари автомобилсозии ҷаҳон Ford, Toyota, Motor Sales, Volvo ва дигарон низ ин қоидаро пурра истифода карда, мӯҳлати аз фикрронӣ, то амалигардонӣ ва фурӯши автомобил хеле кӯтоҳ шуда, ташкили идоракунӣ низ бо куллӣ тағйир ёфтааст. Мутахассисон ба гурӯҳҳо (даста) ҷудо шуда, тамоми намуди талаботро ба назар мегиранд, ҳатто барои мизоҷон автомобили фардӣ низ тайёр менамоянд. Маҳз афзоиши суръати технологӣ боиси хеле кам шудани мӯҳлати навоварӣ - амалигардонӣ ва истеъмолкунанда гардида, сифати автомобилҳо хеле баланд гардидааст. Масоили дигаре, ки бояд қисми таркибии фикррония стратегӣ менеҷменти ташкилот гардад, нигоҳдории маҳсулот - моли хеш дар шароити рақобати босуръати бозор аст, яъне пайдоиши ҳар як моли нав навоварии боақлона буда, ба талабот ҷавобгӯ бошад. Маҳз чунин як хусусияти фикрронии стратегӣ моро маҷбур месозад, ки доимо барои бозоргир ё худ ба талаботи бозор ҷавобгӯй будани моламон андеша дошта бошем. Ин талабот моро боз ба талаботи дигар, яъне беҳтар ва нав гардонидани технологияи истеҳсолӣ меорад.
Сарчашмаи асосие, ки метавонад моро имрӯз ба мақсадҳои стратегияи санъати менеҷмент бирасонад, истифода аз «системаи асаби электронӣ» ва «фикрронии эҷодии кормандон» аст. Ин ду сарчашмаи асосӣ заминаи муваффақиятҳои ояндаи менеҷменти ташкилотҳо ба шумор меравад. Фақат бо истифода аз ин ду омил, мо метавонем, ки суръатро 2-3 маротиба афзуда, мӯҳлати ба бозор баровардани молро ҳатто аз солҳо ба моҳҳо гузаронем.
Даврони охирини ташкили фикрронии стратегӣ ин ташкили «маданияти ташкилӣ»-и корхона аст. Ин қисмати кори менеҷерон хеле мураккаб мебошад, зеро онҳо бевосита ба одамон таъсир расониданашон зарур аст. Одам, албатта, таҷҳизот нест, ки ҳар 3 сол ва ё 4 сол онро иваз намоед. Аз тарафи дигар одамон вобаста ба синну сол, ҷинсият, дараҷаи дониши худ, қобилияти модарзодӣ, имконоту фаҳмишҳои гуногун доранд. Ғайр аз ин вобаста ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо