Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Стратегияи ояндабиниро маҳз ба соҳае равона созед, ки умри дарозтар дошта, беҳтарин варианти инкишоф ба ҳисоб меравад ва кам тағйир меёбад.

Ҷараёнҳои соҳибкорӣ қисми таркибии стратегии дурнамои ташкилот буда, онҳо низ бояд самаранок бошанд. Барои он ҳар яке аз ин ҷараёнҳоро таҳлил намуда, муайян бояд сохт, ки кадоме аз онҳоро бояд беҳтар намоем.
Масалан, ҷараёни қабули супориш ва мӯҳлати иҷрои он. Имкон дорад, ки ба воситаи системаи электронӣ супориш қабул намуда, дар мӯҳлати кӯтоҳтарин 2-3 соат то ба хонаи мизоҷон бурда расонем. Ҷараёни дигари соҳибкорӣ, ки хеле муҳим аст ин ҷараёни коркарди ахбор ва коргузорӣ мебошад. Ҳаракат намоед, ки системаи қоғазии ахборро хеле кам намоед. Барномаҳои пурмазмуни компютериеро истифода баред, ки онҳо бо гуфтаи Билл Гейтс «Майнаи асаби электронӣ»-и ташкилот гарданд.

Барои муайян намудани дурустӣ ва навтарин будани ҷараёни ахборӣ ва коргузории ташкилот бояд ба чунин саволҳо ҷавоб гирифта тавонед:

  1. Ман метавонам, ки ба саволҳои мизоҷон саривақт ҷавоб гӯям?
  2. Ахбори гирифташуда оё доимо дуруст мебошад?
  3. Ҳолатҳое мешавад, ки ман ахбори заруриро надорам?
  4. Оё ҳар замон ман ҳолати иҷроиши кор, мақсад ва натиҷаи молиявиро фаҳмида метавонам?
  5. Мӯҳлати гирифтани ахбор ва сифати он аз дигарон дер намондааст?

Баъд аз он ки ин ҷараёнҳои соҳибкориро муайян сохтаед, бо аъзоёни коллектив фикрҳои худро оид ба талаботҳои мизоҷон, имконотҳои худатон, системаи ахборӣ ва ғайра муҳокима намоед. Ҳаракат намоед, то ҳар як аъзои коллектив фикри худро баён намояд ва дар ҳар як корманд ҳисси боварӣ пайдо гардад, ки стратегияи дурнамо воқеӣ буда, ӯ ҳам метавонад дар татбиқи он ҳиссаи худро гузорад. Бояд қайд кард, ки ба ҳолати дафтари кории кормандон низ диққат диҳед.

Ҳамин тариқ, имрӯзҳо таҳлили ахбори ҳаматарафа ва бисёреро ба даст овардан мумкин аст, ки асосиашро ба инобат гирифта, нақшаи стратегӣ тартиб додан зарур мебошад.

Нақшаи стратегияи самаранок дар асоси таҳлили ҳаматарафаи эҷодӣ тартиб дода шуда, бояд характери методӣ дошта бошад.

пешина
аз 522
навбатӣ