Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Нақшаи стратегӣ барои як давра тартиб дода шуда, ба он ҳамаи аъзоёни даста ҷалб карда мешаванд. Қарори идоракунӣ дар ҳар як давраи тартибдиҳии нақшаи стратегӣ қабул карда мешавад, ки асоси стратегияи равияи муайян мебошад. Пеш аз он ки қарори стратегиро қабул менамоем, бояд натиҷаи онро дар назар дошта бошем.
Ҳамин тариқ, омӯзиши вазъи амалии нақшаи стратегӣ, ё худ дурнамо, ки онро баъзан барномаи инкишофи ташкилот низ мегӯянд, аз давраҳои зерин иборат мебошад:
Давраи якум — мақсадгузорӣ. Вақте ки раванди аниқро муайян сохтед, бояд қайд намоед, ки бартариятатон дар чӣ зоҳир мегардад ва ташкилоту даста чӣ гуна бартариятҳо дорад.
Давраи дуюм — нишон додани бартариятҳое, ки мизоҷон маҳз онҳоро интихоб кардаанд.
Давраи сеюм — аниқ намудани мол, ё худ хизматрасоние, ки бояд истеҳсол намоед.
Давраи чорум — соҳаи фаъолияти афзалиятдор.
Давраи панҷум — муайян кардани буҷаи молиявии нақшаи стратегӣ.
Омилҳое, ки дар вақти тартиб додани нақшаи стратегӣ бояд ба инобат гирифта шаванд, чунинанд:
-
Мақсади стратегӣ бояд ба дигар мақсадҳои шӯъбаҳои ташкилот мувофиқат намояд.
-
Қисмҳо ва давраҳои нақша бояд хеле содда ва фаҳмо навишта шаванд.
-
Дигар менеҷерон метавонанд оид ба шӯъбаҳои худашон ба Шумо кӯмак расонанд.
-
Бартариятҳо бояд дарозмуддат бошанд, чунки нақшаи ояндабинӣ аз 3 то 5 сол тартиб дода шудааст.
-
Маҳдудиятҳо агар аз ҳад зиёд бошанд, он гоҳ даста наметавонад имконотҳои худро дуруст истифода баранд.
-
Маҳсулотҳоро (молҳоро) ба гурӯҳҳо ва категорияҳо ҷудо намуда, моли афзалиятдоштаро муайян созед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо