Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Табибон, физиологҳо ва равоншиносон солҳои тӯлонӣ оиди йога — пайваст шудан ба Худо ва маърифати зотӣ ҳақ, тадқиқоти махсус мебаранд. Йога ҳанӯз зиёда аз 2000 сол пеш ҳамчун концепсияи ягонаи динию тиббӣ ба вуҷуд омадааст.
Мақсади чунин як тадқиқот дар коркарди усулҳои рафтор ва тарбияи равонию физиологии одамон мебошад, ки барои ба мақсадҳои «зиндагии хуб» расидан кӯмак мерасонад, вале то ҳол касе маълум накардааст, ки қобилияти рӯҳӣ ва ақлонии одамон боз ба кадом кашфиётҳо ва бозёфтҳо қодир мебошад.
Садсолаҳои охир давлатҳои Англия, Фаронса, Олмон, Ҷопон, собиқ Иттифоқи Шӯравӣ омӯзиши қобилияти равонӣ ва ҷисмонии одамонро бо мақсади истифода дар усулҳо ва роҳҳои давлатдорӣ омӯхта, ҳатто аз сохтани яроқи психотерапикӣ даст накашиданд, ки то ҳол дар баъзе давлатҳо бо мақсади фош кардани сирри ҷосусон ва дигар мақбасиёни сиёсӣ истифода мекунанд.
Раванди навтарине, ки олимони замони мо дар усули худтарбиягӣ пешниҳод намуданд, пешравии компютерӣ ва алоқамандии он ба рафтори одамон мебошад. Яке аз татбиқгари ин усул олими намоён, назариячии тавонои амрикой Стив Хокинг мебошад, ки худ баъд аз касалии дуру дарози фалаҷ бо истифода аз компютер ва системаи интернет дар тамоми ҷаҳон ақидаи имконоти фавқултабии одамиро нишон дода ташвиқот мебарад.
Бояд қайд кард, ки мақоми арзандаро дар инкишофи санъати рафтори роҳбарӣ ва тарбия файласуфони бузурги Юнони Қадим Суқрот, Афлотун, Арасту ва дигарон доро буданд. Махсусан мақоми арзанда доштани таълимоти Суқрот ро бояд қайд намуд. Ин олими бузург вазифаи хеле муҳим, яъне донистан - омӯзиши худро пеш гузошта, таъкид месозад, ки ҳар як шахс бояд санъати баланди мафҳумҳои этикиро аз қабили «мардонагӣ», «адолатпарастӣ», «намунавӣ» аз худ намуда, аз таълимот ва фаҳмишҳои догматикӣ ва фанатизм даст кашад. Санъати рафтори роҳбариро омӯхта, Суқрот диққати асосиро ба гуфтугӯ ва муоширати одамон равона месозад. Шогирди ӯ Афлотун доир ба санъати баланди сӯҳбати устоди худ суханронӣ намуда, қайд мекунад, ки китоб ҳеҷ вақт сӯҳбат, гуфтушунидро иваз карда наметавонад. Китоб фақат ба сӯҳбат монандӣ мекунаду халос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё