Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
37.5. Ташкили фикрронии стратегӣ дар шароити
глобализатсияи маданӣю иқтисодӣ
Дар аввали асри XXI менеҷменти аксари ташкилотҳо ба давраи глобализатсия, ки мушкилии омӯзиши хусусиятҳои хоси миллӣ ва маданиро дар бозор, аз байн рафтани ҳудудҳои миллии иқтисодӣ, рақобати калони истеҳсоли молу ашё дар ҳудуди умумиҷаҳонӣ ва садҳо маротиба баланд гаштани суръати ҳаракати ахбор ва шабакаи иттилооти электронии Интернетрод ар бар мегиранд, дучор шудаанд. Имрӯзҳо ягон фард, менеҷер, корманд инкор карда наметавонад, ки глобализатсия ба ҳастии ӯ, инчунин ба кору ташкилии фаъолияти соҳибкорои таъсир нарасонида бошад. Мисол, мо агар глобализатсияро аз нигоҳи ҳаёти ҳар як фард назар афканем, он гоҳ чунин мушоҳида менамоем:
-
Аллакай дар хонаи Шумо як қатор аз молҳои истеҳсоли хориҷӣ мавҷуданд, ки харидаед.
-
Шумо, ё ягон хешу табори наздикатон бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад, ё замоне хизматҳои онҳоро истифода намудааст.
-
Шояд худатон низ дар хориҷ, ё дар ватани худ бо фирмаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намоед, ё аллакай кардаед.
-
Ташкилоте, ки кор мекунед, мизоҷонаш хориҷиён мебошанд.
-
Худи Шумо хоҳиш доред, ки тарзу усули роҳбарии хориҷиёнро дар ташкилотатон ҷорӣ намоед.
Маҳз глобализатсия низ худ афзоиши алоқамандии доду гирифти ашё,
материалҳо, молҳо ва хизматрасониҳо, бозори маҳсулот ва рақобати корӣ
мебошад. Инкишофи босуръати системаи электронии ахбор ҳар як фардро ба
иқтисоди глобалӣ дохил намудааст. Имрӯзҳо аллакай ҳар яки мо дар хонаҳои
худ истода ба воситаи шабакаҳои иттилоотии радифи маснуи замин ахбори
ҷаҳониро тамошо мекунем, ё системаи Интернет имкон медиҳад, ки тамоми
навовариҳоро дар як лаҳза бе мушкилӣ гирифта, истифода намоем. Гардиши
байналхалқии мол, арзишҳо, навовариҳо ба мо имкон медиҳад, ки зиндагии
худро тағйир диҳем. Мигратсияи аҳолӣ, гузаштани қувваи коргарӣ аз як давлат

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо