Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ба давлати дигар имкон медиҳад, ки дар байни аҳолӣ гуногуншаклии маданият пайдо гардад.

Маблағҳои инвеститсионии Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Фонди байналхалқии асъор ва дигар инвеститсияҳои тиҷоратӣ тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтаанд. Мисол, Олмон инвестори калони ИМА ба ҳисоб рафта, Ҷопон низ инвесториҳои калони фабрикаҳои ИМА мебошад, худи фирмаҳои автомобилсозии амрикоӣ двигателҳоро аз Ҷопон, Мексикаю Бразилия мегиранд.

Имрӯзҳо дар ҷаҳон бо суръати баланд иттифоқҳои иқтисодӣ пайдо гашта истодаанд, ки онҳо таъсири калони худро дар инкишоф гузоштаанд. Ин Иттиҳоди Аврупо, ки аллакай пули худро дошта, қисми зиёди давлатҳои аврупоӣ мехоҳанд, ки конститутсияи ягонаи худро дошта бошанд ва ё Иттифоқи Шанхай, ҲХМ ки дар он Тоҷикистон низ аъзо мебошад, шабеҳи чунин иттиҳодҳо ҳастанд.

Яке аз нишонаҳои асосие, ки зарурияти глобализатсияро муайян месозад, ин стандартҳои сифати “ISO” мебошад, ки мо дар қисми II-юми китоби дарсии Менеҷмент гуфта гузаштаем. Дар баробари инкишофи глобализатсия инкишофи менеҷерони нав ба миён омадааст, ки онҳоро менеҷерони байналхалқӣ ё худ глобалӣ меноманд. Ин гуна менеҷерон якчанд забонро дониста, фикрронии стратегии глобалӣ дошта, имкону қобилиятҳо дорад, ки қарорҳои навини эҷодӣ, арзишҳои баланди инсонӣ, рафтор ва фаъолияти пешқадамона дошта, стратегияи дурнамоиро хеле хуб дарк менамоянд.

Характери глобалӣ гирифтани соҳибкорӣ ва менеҷмент якчанд масоили навро ба вуҷуд овардааст, ки бояд ҳаллу фасли махсуси худро дошта бошанд.
Бояд қайд кард, ки ҳатто менеҷерони дар ватани худ дорои қобилияти баланди роҳбарӣ ва навовариҳои хуб ҳис мекунанд, ки рафтори онҳо ба талаботи хориҷа ҷавобгӯ намебошад.

Менеҷерони таҷрибадори байналхалқӣ ишора менамоянд, ки бе ҷаҳонбинии глобалие, ки хирадмандию дониши баландро талаб менамояд, имкони роҳбарӣ намудан дар ташкилотҳои байналхалқӣ ғайриимкон мебошад.

Пеш аз ҳама гуногунмаданиятии халқҳои ҷаҳон, гуногуншаклии қувваи
коргарӣ ва фарқи фикрронии байни одамони миллатҳои гуногун диққати

пешина
аз 522
навбатӣ