Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Донистани маданияти халқи худ Шуморо аз ду хатар халос менамояд ва дар мавқеи байналхалқӣ аз таъна ва маломат эмин медорад.
-
Пароксилизм — пешниҳоди он ки дар маданияти Шумо фақат ҳамин роҳи истеҳсоли мол, ё тарзу усули роҳбарӣ қобили қабул мебошад.
-
Этноцентризм — боварӣ доштан ба он, ки усули мақбули маданияти Шумо аз ҳама беҳтарин мебошад.
Мисол, соҳибкори америкой, вақти ба давлатҳои дигар сафар кардан доимо ҳаракат менамояд, ки муносибатҳоро бо забони англисӣ ташкил намояд ва ин дар маданияти онҳо қабул аст. Ва ё ҳангоми хӯрокхӯрӣ ӯ фикр мекунад, бо чангак нею бо қошуқ хӯрок хӯрдани одамон нодуруст, ё худ рафтори номатлуб аст. Дар ин ҷо гумон ва боварии ӯ дар он аст, ки маданияти халқи вай беҳтарин мебошад. Олими дигар Ф.Тромпенарс дар ақидаи дигар мебошад ва усули дарки фарқияти мадании одамон ва алоқамандии онҳоро пешниҳод менамояд. Ӯ дар асоси омӯзиши маълумотҳое, ки зиёда аз 47 маданиятҳои миллиро дар бар мегирад, ба хулосае меояд, ки нишонаҳои асосии фарқкунандаи маданияти миллӣ, аслан се масоилро ба миён меоранд:
-
Муносибати байни одамон.
-
Муносибат ба вақт.
-
Муносибат ба муҳити атроф.
Олимоне, ки оид ба санъати менеҷмент тадқиқот мебаранд, диққати асосиро ба он равона месозанд, ки чӣ бояд кард, то кормандони намояндагон халқу миллатҳои гуногун якдигарро хуб бифаҳманд ва дар вақти ташкили менеҷмент ба иззати нафсу маданияти миллатҳо таъсири манфӣ нарасонанд. Бо ин мақсад мо низ бахше аз элементҳои роҳбарӣ ва ташкилии менеҷментро дида мебароем, ки дар ташкилотҳои халқу миллатҳои гуногундошта истифода карда мешаванд.
Ширкатҳои байналхалқии имрӯза (ШБ) ташкилоте мебошанд, ки дар
ҳудуди якчанд мамолики дунё кору фаъолият менамояд. ШБ — ин фақат
ташкилоти оддӣ набуда, якчанд миссия ва стратегияи махсуси худро дошта
менеҷменти онҳо бо куллӣ аз ташкилотҳои оддӣ фарқ мекунад. ШБ — дар
секторҳои давлатӣ ин ташкилотҳои ғайритиҷоратие аз қабили Созмони Миллали
Муттаҳид, Салиби Сурх ва як қатор фондҳои байналхалқии башардӯстона

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо