Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Баинобатгирии омили гендерӣ — яъне раванди маданийе, ки бартарият ба меҳнати мард ё зан медиҳанд, инчунин истифодаи характери қавии мардона ё худ мулоими занона. Мисол, агар маданияти Ҷопон характери қавии мардонаро талаб намояд, маданияти Тайланд характери мулоими занонаро талаб мекунад. Дар Тоҷикистон низ ин раванд мушоҳида карда мешавад, ки мардуми ҷануби кӯҳистон характери қавии мардона истифода карда, мардуми шимол ва ҷануби ҳамворзамини мамлакат характери мулоими занонаро истифода карда, ҳатто дар фаъолияташон, дар оила низ бартариятро ба фикру ақидаи занона медиҳанд. Ин ҳама далели он аст, ки мардуми тоҷик дорои суннатҳои воло ва басо гуногунрангу гуногунмазмун буда, расму оин ва шаклҳои хоси фаъолиятро доранд.

  2. Нишонагирии дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат — ин раванди маданият нишонагирӣ ба арзишҳое дорад, ки ба оянда вобаста мебошанд. Мисол, сарфакорӣ ва қавииродагӣ ё худ муносибати оптималистӣ ба ҳолатҳо ва ҳодисаҳои ҳозира. Ин омил муайян месозад, ки одамон то чӣ андоза ба ояндаи дур ё наздик назари дуруст доранд, ё худ дараҷаи фикрронии стратегиро муайян месозанд. Мисол, мардуми кореягӣ нишонагирии дарозмуддат доранд, амрикоиҳо бошанд — кӯтоҳмуддат.

Бояд қайд кард, ки нишонаҳои дар боло овардашуда бо якдигар зич алоқаманд буда, ба ташкили санъати менеҷмент таъсири худро мерасонанд. Онҳоро дар якҷоягӣ баҳо додан хеле мушкил мебошанд.

Олими намоён Г. Ҳафстед зиёда аз 40 давлати ҷаҳонро гашта, омӯхта ба хулосае меояд, ки «Ба инобатгирии маданияти миллӣ дар болоравии санъати муносибати одамон, рафтори одамон, тартибу низом, сарфакорӣ, шарому ҳаё, боварии шахсӣ, баробарию ҳурмату эҳтироми шахсиятҳо, дорандаи мақоми аввалиндараҷа мебошад».

Барои он ки Шумо ҳамчун менеҷер — пешво бо кормандони маданиятҳои гуногундошта роҳбарии самаранок карда тавонед, дар навбати аввал зарур аст, ки маданияти халқи худатонро пурра сарфаҳм рафта тавонед, то ба қадри маданияти дигарон бирасед.

пешина
аз 522
навбатӣ