Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Аслан буҷагузорӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад.

  1. Банақшагирӣ - дар асоси бизнес-стратегияи ташкилот, роҳи мантиқии фаъолиятро таъмин месозад.
  2. Мотивация - маҳз натиҷаҳои молиявӣ метавонад менеҷер ва кормандонро барои ба мақсад расидан ҳавасманд намоянд.
  3. Танзимкунӣ - буҷагузорӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти шӯъбаҳои гуногуни ташкилотро дар мувофиқа ба якдигар инкишоф диҳад.
  4. Назоратӣ - роҳбарӣ ва назорат кардан аз болои фаъолияти кормандон ба воситаи нишондиҳандаҳои молиявӣ ва муқоисаю таҳлили онҳо, хеле қуллай мебошад.
  5. Баҳодиҳӣ - натиҷаи фаъолияти менеҷерон ва шӯъбаҳои алоҳида, инчунин ташкилот агар аз рӯи натиҷаҳои молиявӣ баҳогузорӣ шаванд, ин хеле самаранок буда, нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият баҳо дода мешаванд. Бояд қайд кард, ки молиягузории самаранок ва бовиҷдонона ба ташкилот манфиати зиёдеро меорад, лекин хусусияти хоси маблағ дар он аст, ки доимо барои он талошҳои ҳақу ноҳақ зиёд аст ва як қатор қувваҳо ва монеаҳое вуҷуд доранд, ки мо хоҳу нохоҳ дучори онҳо мегардем:
  6. Ҳамаи фаъолияти молию пулӣ ҳуҷҷатгузории махсусро талаб менамояд, ки ин ҳам вақти зиёд ва кори дақиқи роҳбариро тақозо мекунад.
  7. Буҷагузорӣ яку якбора боздиҳи худро намедиҳад, бинобар ин як мӯҳлат на камтар аз 6 моҳ то зиёда аз 1-2 сол интизор шудан лозим меояд, яъне натиҷаи мусбат ё манфии онро вақт муайян месозад.
  8. Буҷагузорӣ меъёрҳо, стандартҳо ва талаботҳои худро дорад, ки дар баъзе ҳолатҳо на ҳамаи кормандонро қаноатманд карда метавонад.
  9. Буҷагузорӣ доимо талаботи рӯзафзунро таъмин карда наметавонад. Бинобар ин, баъзан норасогии маблағ эҳсос мешавад, ки аз он баъзе норизогиҳо ва нофаҳмиҳо низ пайдо шуда метавонад.

Буҷа - ин хӯл барномаи мақсадноке мебошад, ки қисми марказии соҳибкории стратегию ташкил менамояд. Инчунин, қисми таркибию тактикии фаъолияти менеҷерони ташкилотҳо ба ҳисоб рафта, мавқеи ташкилотро баъди натиҷагирии солона муайян месозад. Маҳз аз рӯи буҷа ва буҷагузорӣ ҳолати ташкилоту муассисаҳо ва ҳатто давлатҳо муайян карда мешавад. Ҳар қадар

пешина
аз 522
навбатӣ